T A J P R O G Шанбе, 20.07.2019, 00:11
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Зоология [9]

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 581

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


ЗООЛОГИЯ ҲАМЧУН ИЛМ
[ Скачать с сервера (13.4 Kb) ]21.04.2014, 01:27

ЗООЛОГИЯ ҲАМЧУН ИЛМ

 

Зоология илми қадима ва фанни мустақим буда, олами ҳайвонотро меомӯзад.

Масоҳати умумии мамлакати мо - Тоҷикистон 142,3 ҳазор км: буда, олами ҳайвоноти он вобаста ба гуногунии табиаташ ниҳоят бой мсбошад.

Тоҷикистон хоки ҳосилхез, зироатҳои ғалладона, сабзавоту мева, растаниҳои техникӣ, обҳои нӯшиданиву маъданӣ ва дигар боигариҳоро дорад.

Дар ҳар як минтақаи Тоҷикистон гурӯҳҳои махсуси ҳайвоноти хурду калон, фоидарасону зараровар, ҳалолу харом, муқимию мавсимӣ, зебою оддй зиндагӣ мекунанд. Азбаски ҳама гуна хайвонот ба шароити муайяни ба худ хос эҳтиёҷ доранд, аз ҷиҳати намуд ва миқдор гуногун мебошанд. Масалан, қутос дар кӯҳистони қаҳратуни Тибету Помир ва дар доманаӣ ағбаи Зиддй зиндагӣ мекунад. Вай аз ҳеҷ гуна сардиҳо наметарсад. Ҳатто тобистони кӯҳсор салкин бошад ҳам, ба қутосҳо каме гармӣ ҳам намефорад. Бинобар ин қутосҳо бештар дар наздикии пиряхҳо ва ҷойҳои салқини дарёҳои кӯҳӣ зиста, оҳиста-оҳиста баландтар мебароянд.

Баръакси ин, говмеш, ки зодгоҳаш Ҳиндустону Ҳинду Хитой мебошад, дар иқлими сернами гарм одат карда, нағз зиндагӣ мекунад.

Шутурҳо бошанд, ба хунуки ва гармои хушк нағз тоб оварда, дар чулу биёбон худро хуб ҳис мекунанд. Дар мавзеи иқлимаш сернам умри дароз намебинанд ва насли солим дода наметавонанд.

Ба ҳаёти ҳайвонот на танҳо иқлим, балки сатҳи (релефи) замин, сифати хӯроки ғизоӣ, ҳолати хоку о, мавҷудияти паразитҳо, инчунин зиддияти байниҳамдигарӣ низ таъсир мерасонанд.

Шароити зиндагии ҳайвонот дар қитъаҷо, минтақаҳо, дараю водиҳо, аз ҷиҳати хӯрок ҳамеша як хел нестанд. Омилҳои мycбaтy манфӣ дар давоми садсолаҳо тағйир ёфта, сабаби каму зиёд ва тағйири намудҳои онҳо мегардад.

Олимон исбот кардаанд, ки дар ҷойҳои имрӯз хушкӣ миллиоҳо сол пеш баҳрҳо мавҷ мезаданд ва бо тағйир ёфтани табиат шароити зиндагӣ, олами ҳайвонот низ тағйир ёфтааст.

На зътибор гирифтан лозим аст, ки одам бо фаъолияти худ — буридану сӯзондани ҷангал, шудгор кардану кишт намудани зироат, хушконидани ботлоқҳои хурду калонмасоҳат, обёрӣ кардани биёбонҳо, ба вуҷуд овардани боғу токзорҳои обию лалмӣ то як дараҷа табиатро дигаргун сохт. Чунин фаъолияти одам тавонист, ки ба олами набототу ҳайвонот таъсири мусбат ва ё манфӣ расонад. Баъзе ҳайвонҳо ба шароити тағйирёфта мутобиқ шуданд, гурӯҳи дигар мутобиқ шуда натавониста, ҷойи худро дигар карданд ва ё аз ташнагию гуруснагӣ ва касалӣ ҳалок шуданд.

Хулоса, он олами ҳайвоноте, ки мо ҳоло мушоҳида мекунем, натиҷаи бевосита ё бавоситаи ба ҳайвонот таъсир кардани омилҳои табиӣ ва фаъолияти меҳнатии одам мебошад.

Олами ҳайвонот барои инсон ҳамеша аҳамиятнок буд, ҳаёт ва мемонад. Барон ҳамин ҳам аҷдоди мо зиёда аз 50000 сол пеш намудҳоӣ гуногуни ҳайвоноти фоиданоку зараррасони обию хушкиро медонистанд. Зеро ҳаёти одамони ибтидоӣ аз бисёр ҷиҳат ба шикор вобаста буд. Одамони ибтидоӣ аз гӯшти ҳайвонот хӯрок, аз пӯсти онҳо либос ва аз устухонашон ҳар гуна асбобҳои зарурӣ (корд, белча, сӯзан, сарнайза) тайёр мекарданд. Рудаи ҳайвонотро ҳамчун ришта барои либосдӯзӣ, тори камонғулак ва ресмони миёнбанду товбанд истифода мебурданд.

Ҳайвонотро бо роҳҳои таъқибкунии дастаҷамъӣ, бо тарзи давида доштан ва ғайраҳо шикор мекарданд.

Азбаски дар ҷамъияти ибтидоӣ хату савод набуд, одамон нақши баъзе хайвонотро (гавазн, барзагов, мамонт, каркадан, иху) дар рӯйи тахгасангҳо ё дар девори юрхии ҷойи зисташон тасвир кардаанд, ки баъзе аз онҳо то ба замони мо ҳамчун нақши ёдгорӣ боқӣ мондаанд.

 

Одамони қадим тарзи ҳаётгузаронии ҳайвоноти муҳити худро омӯхта, баъзе аз онҳоро (саг, гурба, хук, гов, гусфанд, мурғ, хачир, шутур, мурғобӣ) ром карда тавонистанд. Онҳо бо ҳайвоноти ромшуда якҷоя зиндагӣ карда, хусусиятҳои гуногуни онҳоро бештар мушоҳида карда бошанд ҳам, ин донишҳои ибтидоии номукаммал буданд. Аз он замоне, ки хат пайдо шуд, одамони саводнок доир ба ҳайвонҳои ҷудогона қайдҳои худро навиштаанд, ки ба ин бозёфтҳои таърихии халқҳои Миср, Байнаннаҳрайн,  Хитой,  Ҳиндустон, Юнон, Рим ва ғайра гувоҳӣ медиҳанд.

 

Асосгузори илми зоология, олими Юнон Арасту зиёда аз 2300 сол пеш аз ин аввалин шуда дар бораи олами ҳайвонот асар навиштааст. Зоология илми қадима буда, аз ду калимаи юнонӣ «зоо» - ҳайвон, «логос» - илм таркиб ёфтааст, яъне илм дар бораи ҳайвонот (ҳайвоншиносӣ, махлуқшиносӣ) мсбошад.

 

Намудҳои ҳайвонот дар рӯйи Замин хело гуногун аст, вале одамон дар ибтидо танҳо дар бораи ҳайвоноти ҷойи зисти худ тасаввурот доштанд. Баъд аз садсолаю ҳазорсолаҳо, яъне пас аз саёҳатҳои бузурги ҷуғрофӣ намудҳои нави ҳайвонот ба илми зоология илова шудаанд.

 

Монандии растанию ҳайвонот

Растаниҳо
Ҳайвонҳо
1. Ғизогирӣ
1. Ғизогирӣ
2. Нафаскашӣ
2. Нафаскашӣ
3. Инкишоф
3. Инкишоф
4. Афзоиш
4. Афзоиш
5. Сохти ҳуҷайравӣ
5. Сохти ҳуҷайравӣ

 

Тафовути растанию ҳайвонот

Растаниҳо
Ҳайвонҳо
1. Аз моддаҳои ғайриорганикӣ ғизо мегиранд.
1. Аз моддаҳои органикӣ гизо мегиранд (растаниҳо ё ҳайвонҳои дигарро мехӯранд).
2. Кобилият доранд, ки бо ёрии хлорофил дар равшанӣ аз гази карбонат моддаҳои органикӣ ҳосил кунанд.
2. Узвҳои харакат, системаи асаб ва узвҳои ҳиссиёт доранд.

 

 
 
Категория: Зоология | Добавил: aplove
Просмотров: 452 | Загрузок: 24 | Рейтинг: 3.0/2
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.