T A J P R O G Панҷшанбе, 27.06.2019, 13:40
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Зоология [9]

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 579

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Сохти ҳуҷайрагии бадани ҳайвонот
[ Скачать с сервера (18.1 Kb) ]21.04.2014, 01:17

Сохти ҳуҷайрагии бадани ҳайвонот

 

Ҳуҷайра асосӣ сохт ва ташаккули организм аст. Ҳар як ҳайвони бнсёрҳуҷайра аз узвҳо иборат аст, ки он узвҳо аз ҳуҷайраҳо таркиб ёфтаанд.

Сохти ҳуҷайраҳои ҳайвонот хеле гуногун мешаванд. Аз ҳама оддитарин ҳуҷайраҳои лунда, тухмшакл, призмамонанд, дукшакл, ситорамонанд, ришташакл, дискмонанд мебошанд. Ҳар як ҳуҷайра гӯё як лаборатория аст. Дар ҳар як организм микдори зиёди ҳуҷайраҳо мавҷуд аст. Масалан, танҳо ҳуҷайраҳои асаби кирми лунда 900 адад мебошанд.

Протоплазмаи ҳуҷайраҳои ҳайвонот аз пайвастагиҳои органикии сафеда, чарб, ангиштоб ва кислотаи нуклеинат иборат аст. Дар протоплазма намакҳои минералӣ ва об мавҷуд аст. Масалан, 72-82% бадани кирмаки шапалаки абрешим аз об таркиб ёфтааст.

Ядро (ҳаста) дар ҳамаи ҳуҷайраҳо мавҷуд аст, ки шумораи онҳо дар як ҳуҷайра аз як то якчандто мешаванд. Таркиби ядро аз моддаи сафеда, кислотаи нуклеинат ибораг аст. Дар ядро риштаҳои хроматикие ҳастанд, ки дар вакти тақсимшавӣ ҳуҷайра хромасомаро ташкил мекунанд. Миқдор ва шакли хромасомаҳо барои ҳар як ҳуҷайраи намуди ҳайвон якхела аст. Ядро қисми таркибии ҳуҷайра буда, дар ҳама гуна равишҳои ҳаётӣ иштирок мекунад.

Органоидҳо (хондриозомхо, аппарата Голъчи, центорозома...) дар ҳуҷайра вазифаҳои муайянеро иҷро мекунанд.

 

БОФТАҲОИ БАДАНИ ҲАЙВОНОТ 

Гурӯҳи зиёди ҳуҷайраҳо, ки аз руйи сохт, вазифа ва пайдоиш ба ҳам монанд мебошанд, як хели бофтаро ташкил мекунанд.

Ҳар як хели бофта вобаста ба ва афташ аломатҳои хос дорад. Ба вуҷуд омадани бофта ва гуногун шудани онҳо таърихан ба эволютсияи олами ҳайвонот вобаста аст. Дар бадани хайвони якҳуҷайра ягон хел бофта шуда наметавонад, чунки ҳамон як ҳуҷайра хама гуна вазифаҳои ҳаётиро адо мекунад. Бадани ҳайвонҳои бисёрҳуҷайра аз бофтаҳои гуногуни зерин иборатанд:

 

Бофтаи эпителӣ, аз як тараф, организмро аз таъсири номусоиди муҳит муҳофизат карда, аз тарафи  дигар, алоқамандни организмро бо муҳит ба амал меоварад. Бофтаҳои эпителй қисми рӯйпуши бадан (пӯст) ва рӯйпуши узвҳои дохилӣ мебошанд.

Бофтаи пайвандкунанда якчанд хелҳои бофтаҳоро якҷоя дарбар мегирад, ки ҳамаи онҳо хосняти умумӣ дошта, дар байни худ холигии байниҳуҷайрагӣ доранду вазифаи такягоҳиро адо мекунанд. Чунончӣ, хордадорон аз бофтаҳои пайвандӣ (скелет) ташкил ёфтаанд.

Бофтаи хун аз плазмаи ғайриҳуҷайрагӣ ва ҳуҷайраҳои хунӣ (сурх ва сафед) иборат аст.

Бофтаи мушакӣ вазифаи кашишхӯриро адо мекунад, ки он аз риштаҳои кашишхӯранда миофибрилл (нахҳо) ташкил ёфтааст. Бофтаҳои мушаки ду хел мешаванд:

1) Бофтаи дарозрӯяи суфта. 

2) Бофтаи кӯндаланграх.

3) Бофтаҳои суфтаи мушакӣ аз ҳуҷайраҳои дукшакл иборат буда, дар бадани ҳайвоноти бемӯҳра бешгар мавҷуд аст.

4) Бофтаҳои кундаланграхи мушакӣ аз торҳое иборатанд, ки дарозиашон то ба 10 см мерасад ва протоплазмаашон ядрои бисёр дорад. Ин гуна бофта бештар ба ҳайвоноти мӯҳрадор хос буда, дар буғумпойҳо, ҳалқакирмҳо,  моллюскҳо низ мавҷуданд.

5. Бофтаи асаб аз ҳуҷайраҳои асаб ташкил ёфта, кобилияти таъсирро ҳис кардан ва ба он ҷавоб гардонданро доранд ва ҳар ҳуҷайраи асаб шохронда буда, нейрон ном дорад. Бофтаҳои асаб ба хусусияти афзудан ё таксимшавӣ соҳиб нестанд.

 

АФЗОИШ ВА ИНКИШОФИ ҲАЙВОНОТ 

Афзоиш (афзудан, миқдоран зиёа шудан) яке аз хусусиятхои хоси ҳайвонҳо мебошад, ки бо ин аломат наслҳо асрҳои аср боқӣ мемонанд. Дар олами ҳайвонот асосан ду хели афзоиш хаст: 

1) ғайрнҷинсӣ

2) ҷинсӣ

Дар афзоиши ғайрнҷинсӣ фақат як бадан иштирок мекунад. ки он бо роҳи ба ду ҳисса тақсимшавӣ ва ё муғҷаронӣ насли худро зиёд мекунад.

Дар афзоиши ҷинсӣ ду чине (нарииаю модина) иштирок ме­кунанд. Масалан, ҳуҷайратухм: модина нисбатан ҳуҷайраи калонтару сустҳаракат аст, ки аз моддаи зарди (манбаи ғизои ҷанин) бой аст ва мо онро тухм меномем. Гаметаи нарина сперматозоид буда, нисбатан аз ҳуҷайратухм хурдтар, вале серҳаракаттар аст. Сперматозоид сарак, гарданча ва дум дорад, дар муҳити моеъ серҳаракат аст.

Якҷояшавии ду хел гамета (ҳуҷайратухм ва сперматозоид - нутфа) бордоршавӣ буда, ҳуҷайратухмни бордоршударо зигога меноманд. Барои аксарияти ҳайвоноти обӣ бордоршавии берун аз бадан хос аст. Яъне тухмҳуҷайра ва сперматозоид аз бадан ба муҳити об партофта мешавад ва дар онҳо бордоршави ба амал меояд.

Ба ҳайвоноти хушкигард ва баъзе ҳайвоноти обӣ бордоршавии дарунӣ хос аст. Дар ин вақт нарина нутфаи худро ба тухмдони модина мерезад. Он гоҳ дар батн ҳуҷайратухми бордоршуда ба амал меояд.

Дар баъзе организмҳо афзоиши партеногенез рух дода, нали на аз тухмаки бордорнашуда (бе иштироки сперматозоид) ба амал меояд. Инчунин дар байии ҳайвонот узвҳои гермафродитӣ (нармода ё ки хунсо) ҳаёт, ки дар онҳо насл бо роҳи худбордоркунӣ ба дунё меояд.

Инкишофи фардӣ (танхоӣ) дар як ҳайвон аз вақти бордор шудани ҳуҷайратухм cap шуда, то охири ҳаёти организм (то давраи марг) давом мекунад, ки онро онтогенез меноманд.

Зинаи якуми раванди инкишоф тақсим шудани ҳуҷайратухми бордоршуда мебошад, ки дар ин холат зигота ба организми бисёрҳуҷайра табдил меёбад ва чанини бисёрҳуҷайраи ба амаломада бластула ном дорад, ки аз як катор ҳуҷайраҳо иборат аст.

Зинаи дуюми раванди инкишофи ҷудогонаи (индивидуалии) организм гаструлатсия ном дорад ва дар ин раванд қабатҳои эктодерма, эндодерма ва мезодерма, аз ҳар як қабат органҳо (узв ё аъзоҳои бадан) ба амал меоянд. Барои ҳамин ин давраро давраи органогенез меноманд. Аз эктодерма дар оянда пӯст ё ин ки рӯйпуши бадан, таркиби асаб, аз эндодерма узвҳои хӯрокхӯрӣ ва хӯрокхазмкунӣ, аз мезодерма мушакҳои бадан ва органҳои дохилӣ ба амал меоянд.

Категория: Зоология | Добавил: aplove
Просмотров: 552 | Загрузок: 26 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.