T A J P R O G Панҷшанбе, 27.06.2019, 13:48
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Зоология [9]

Наш опрос
Аз кадом фанн маълумотнома лозим аст!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 2285

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Маълумот дар бораи шохаҳои ҷудогонаи илми зоология
[ Скачать с сервера (10.0 Kb) ]21.04.2014, 01:20

Маълумот дар бораи шохаҳои ҷудогонаи илми зоология

 

Зоология яке аз илмҳои биологӣ буда, ба дарахти сершоху сербору серсоҳа монанд аст. Ҳар як шохаи илми зоология дар бораи масъалаҳои ҷудогонаи олами ҳайвоноти кураи замин дар миқёси ҷаҳонӣ маълумот медиҳад.

 

Зооморфолог ин - илм дар бораи сохт ё ин ки намуди ҳайвонот аст. Вақте ки сухан дар бораи морфологияи ҳайвонот меравад, гуногунии намудҳои ҳайвонотро дар назар дорем, ки вобаста ба шароити зиндагӣ шаклҳои гуногунро гирифтаанд.

Зооанатомня – ин сохти дохилии узвҳои ҷудогонаи ҳайвонотро меомӯзад. Ғайр аз ин анатомияи муқоисавӣ ҳаёт, ки гуногунии сохти аъзоҳои ҳайвоноти ҳархеларо бо аломатҳои монандию фарқияташон меомӯзад.

Зоогистология - пайваста бо анатомия сохти микроскопии ҳуҷайраю бофтаҳои бадани ҳайвонотро меомӯзад.

Зооэмбрнология - илм дар бораи қонуниятҳои тараққиёти индивидуалии давраи ҷанинии ҳайвонот мебошад.

Зоофизиология - ин илм дар соҳаи ҷараёнҳое, ки дар узвҳои организм ба амал меояд, инчунин вазифаю кори узвҳои алоҳидаро меомӯзад.

Зооэкология – ба ҳам алоқамандии ҳайвонотро бо муҳити  зисташон меомӯзад.

Паразитология - илм дар бораи ҳайвонтест, ки аз ҳисоби организми зиндаи дигар зиндагӣ мекунанд.

Гидрозоология – илмест, ки қонуниятҳо ва шароити зиндагии ҳайвонҳои обиро меомӯзад.

Зоогеография - илм дар бораи қонуниятҳои паҳншавии ҷуғрофии олами ҳайвонот дар кураи замин мебошад.

Палеозоология - илм дар бораи ҳайвонҳои давраҳои қадиме, ки онҳо мунқариз шудаанд. Инчунин монандию фарқияти он ҳайвонҳои кадимро бо ҳозира муқоиса мекунад.

Зоогенетика - қонуниятҳои ирсият, аломатҳои ба мерос гузаранда, тағйирпазирии олами ҳайвонотро меомӯзад.

Зоосистематика - илм дар бораи гуногунии олами ҳайвонот буда, аз руйи қонуниятҳои табиӣ классификатсия кардан ва омӯхтани намудҳои ҳайвонот мебошад. Дар ин ҷо муқоиса мавқеи муайян дорад ва бо ин мақсад морфологияи эволютсионӣ, физиологияи эволютсионӣ, гистологияи эволютсионӣ, биохимияи эволютсионӣ ва ғайра ба амал омадааст.

 

Қисми дуюми илмхои зоологӣ характери мустақилро доранд, ки дар он як гурӯҳи махсуси ҳайвонот ҳаматарафа омӯхта мешавад:

Протозоология - илм дар бораи омӯзиши ҳайвоноти якхуҷайра аст, ки сохт, тарзи ҳаётгузаронӣ, силсилаи тараққиёт, аҳамият ва зарари онҳоро меомӯзад.

Гелминтология - илм дар бораи омӯзиши кирмҳо буда, сохт, таснифот, силсилаи ҳаётӣ, аҳамияти патологи ва роҳҳои пешгирӣ кардани онҳоро меомӯзад.

Энтомология - илм дар бораи омӯзиши яке аз синфхои калонтарини зоология - ҳашарот буда, сохт, ҳаётгузаронӣ, аҳамият ва зарари онҳоро нишон медихад.

Ин шохаи зоология боз ба шохаҳои ҷавонтарин тақсим шудааст. Масалан: мирмикология - дар бораи мурчаҳо, афидология - дар бораи ширинчаҳо, липидетрология - дар бораи шапалакҳо бахс мекунанд.

 

Акарология - илм дар бораи омӯзиши канаҳо аст.

Ихтиология - илм дар бораи моҳиҳо буда, ҳаёти ҳаматарафаи онҳоро бо сохт, таснифот, муҳит, инчунин моҳидорию моҳипарвариро якҷоя меомӯзад.

Герпетология - илм дар бораи омӯзиш, таснифот ва биологияи хазандаҳо мебошад.

Бархатология - илм дар бораи омӯзиши ҳаматарафаи обхокиҳо мебошад.

Орнитология - илм дар бораи таснифоти биологӣ, паҳншавӣ, шикор, аҳамият ва зарари паррандаҳо мебошад.

Мамология - илмест, ки дар бораи таснифоти анатомию биологии ширхӯрҳо, инчунин дар бораи аҳамияту зарари онҳо маълумот медиҳад.

 

Хар як организм дар табиат чизи яклухти мустақилаъзо ҳисоб мешавад. Дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо дар организм ҳолати хазмшавӣ ва вайроншавӣ, инчунин гардиши моддаҳо дар табиат ва бадани ҳайвон ба амал меояд.

Хар як бадан - организм мавҷудоти зинда аст, ки ҳама гуна хусусиятҳои ҳаётро дорост. Ягона аломати ҳаёт ин мубодилаи модда аст. Ҳангоми мубодилаи моддаҳо организм бо муҳити зист алоқаманд мешавад ва аз он чизҳои заруриро мегираду ҳазм мекунад ва баръакс ба муҳит боз чизҳоеро аз худ медиҳад, ки он маҳсули диссимилятсия мебошад.

Ассимилятсия ба вуҷуд омадани моддаҳоест, ки организм аз муҳит қабул мекунад. Он моддаҳо то ба протоплазмаи хуҷайраҳо рафтан, табаддулоти зиёдеро аз cap мегузаронанд.

Диесимилятсия таҷзия шудани моддаҳои мураккаби органикии организм аст, ки дар натиҷа аз он энергия хориҷ мешавад. Он энергия барои кори узвҳо сарф мешавад.

Ин ду ҳолат аз ҳам ҷудонашаванда аст. Ҳеҷ як ассимилятсия бе энергия ба амал намеояд ва энергия бошад бе диссимилятсия ба вуҷуд намеояд.

Организмҳои гуногун бо роҳҳои махсус чизҳои заруриро аз муҳит қабул мекунанд. Масалан, қисми сабзи растаниҳо барои ҳайвонот хӯроки асосӣ ҳисоб мешавад. Растаниҳои сабз дар гардиши моддаҳо дар табиат мавқеи асосӣ доранд.

Фотосинтез - қонуни ятонаи бадалшавии моддаҳо дар табиат аст, ки чунин хусусият дар ҳайвонот нест. Он наботот ва ҳайвоноте, ки ба моддаи органикии тайёр муҳтоҷанд, онҳоро организмҳои гегеротрофӣ меноманд.

 

Ҳар як организм бо муҳит алоқаманд буда, бо гузариши мубодилаи моддаҳо ҳаёти худро нигоҳ медорад. Бинобар он мубодилаи моддаҳо ба монандӣ гизо, нафасгирӣ, афзоиш, ҳис кардан, ҷавобгардонӣ, мувофиқшавӣ ба муҳит хосиятҳои хоси организмҳои зинда ба ҳисоб мераванд.

Категория: Зоология | Добавил: aplove
Просмотров: 568 | Загрузок: 12 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.