T A J P R O G Сешанбе, 18.06.2019, 17:02
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Забони тоҷикӣ [17]

Наш опрос
Аз кадом фанн маълумотнома лозим аст!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 2271

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Воҳидҳои фразеологӣ ва вазифаҳои маънавию услубии онҳо
09.04.2014, 22:30

Воҳидҳои фразеологӣ ва вазифаҳои маънавию услубии онҳо

 

Ибораҳои рехтаи забони тоҷикӣ

Фразеология маҷмўи ифодаву ибораҳои рехтаву устувори ҳар як забонро ташкил медиҳад.Ҳар як воҳиди фразеологӣ тақрибан аз ду ва зиёда калимаҳо ташаккул ёфтааст, вале сохти устувор ва яклухти ба кисмҳо ҷудонашаванда дорад. Масалан, воҳиди фразеологии «гули сари сабат» аз се калима (гул, сар, сабат ) иборат аст. Бо вуҷуди он як мафҳумро ифода мекунад: шахси муътабар, азиз, болонишин, чизи беҳтарин. Одатан қисмҳои таркибии ибораҳои рехта ивазнашаванда мебошанд. Масалан, ибораи «гурги борондида» (шахси ботаҷриба)-ро дар шакли «гурги барфдида» тағйир додан мумкин нест.Аз ҷиҳати ифодаи воҳиди фразеологӣ бо як калима баробар мешавад, вале фразеологизмҳо баръакси калимаҳои оддӣ на фақат предмет, аломат, амал, ҳолати онҳо, балки тобишҳои гуногуни ҳиссиро низ дар бар мегирад. Масалан, ибораҳои «коҳҳои кўҳнаро бод додан» (гапи кўҳнаро ба хотир овардан), ё «аз касе дил шустан» (умед кандан) ва монанди инҳо баробари ифодаи мафҳумҳои алоҳида эҳсосоти гуногуни шахси гўяндаро низ ифода карда метавонад.

Қисми асосии ибораҳои фразеологӣ образнок ва пуробуранг мебошанд. Масалан, ибораи «кафши касеро пеш гузоштан» (касеро гусел кардан ё пеш кардан) ба яке аз одатҳои қадимаи халқи тоҷик (кафши шахси азиз, мўътабарро вақти гусел ба пеш мондан) асос ёфтааст.

Ҳамин тариқ, воҳидҳои фразеологӣ таркибан рехтаву устувор буда, мундариҷаи яклухти аксар пуробурангро ифода мекунад. Ду ва зиёда калимаҳои мустақилмаънои ба ҳам алоқаманд, ки маънои бутун ва аксар образнокро ифода мекунад, ибораи фразеологӣ ё худ воҳиди фразеологӣ номида мешавад.

Қисми аз ҳама устувор ва пуробуранги воҳиди фразеологиро ибораҳои рехта ташкил медиҳанд:

1. Ибораҳои рехтаи фразеологӣ. Ибораҳои рехта воҳиди устувору тағйирнаёбандаи забон, қисми аз ҳама пуробуранги воҳиди фразеологиро ташкил медиҳад. Масалан, «аз касе дил кандан» (хомўш шудани оташи муҳаббати касе), «ба чашми худ нигоҳ карда роҳ рафтан» (дуруст, ба пеши худ нигох карда рох рафтан).

Ибораҳои рехта ниҳоят пуробуранг ва таъсирбахш буда, ба дигар забонҳо тарҷума карданашон душвор аст. Чунончи, ибораҳои «димоғ сухтан» (хафа кардан), «дил бурдан» (дуст доштан), «чашм духтан» (нигох кардан), «ҷони ширин» (шахси азиз) ва гайра.

Хусусияти фарққунандаи онҳо дар ҳамин зоҳир мегардад, қисмҳои таркибии онҳо пурра ба маънои маҷозӣ меоянд, ба маънои аслии худ омада наметавонанд.

2. Ифодаи фразеологӣ. Ифодаҳои фразеологӣ низ пуробуранг ва таъсирбахш мешаванд, таркиби рехтаву устуворанд, ба дигар забонҳо қариб тарҷума намешаванд. Масалан, «ғам хўрдан», «афсўс хўрдан», «савганд хўрдан» ва ғайра.

Хусусияти фарққунандаи ифодаҳои фразеологӣ дар ҳамин зоҳир мешавад, ки яке аз калимаҳои таркибии онҳо ҳатман ба маънои аслии худ меояд.Чунончи, калимаҳои «ғам, афсўс, савганд» ба маънои аслии худ омадаанд. Ба ҳамин монанд боз мисол овардан мумкин аст: «одами пухта», «кори пухта», «гапи пухта» ва гайра.

3. Ибораҳои тасвирии фразеологӣ. Дар ибораҳои мазкур предмет,аломат, ҳолат ва амал дар шакли тасвирӣ, яъне дар шакли калима не, балки дар сурати ибораҳои алоҳида ифода мегардад. Қисматҳои ин ибора ба маънои аслии худ кор бурда мешаванд, ки онҳо таркибан устуворанд ва ҳар бор дар як шаклу қолаб кор фармуда мешаванд. Масалан, ибораҳои «Кумитаи марказӣ», «Шўрои Олӣ», «Қаҳрамони Тоҷикистон», «аз ҳуқуқ маҳрум кардан» ва ғайра. Ибораҳои мазкур аз обуранги бадеӣ ва образнокӣ маҳруманд, аксар вақт ба забонҳои дигар айнан тарҷума мешаванд.

Воҳидҳои фразеологӣ таркибан рехтаву устувор буда, мундариҷаи яклухти аксар пуробурангро ифода мекунад. Ду ва зиёда калимаҳои мустақилмаънои ба ҳам алоқаманд, ки маънои бутун ва аксар образнокро ифода мекунад, ибораи фразеологӣ ё худ воҳиди фразеологӣ номида мешавад.

Хусусияти фарққунандаи онҳо дар ҳамин зоҳир мегардад, қисмҳои таркибии онҳо пурра ба маънои маҷозӣ меоянд, ба маънои аслии худ омада наметавонанд.

Дар ибораҳои маҷозӣ маънии калима шарҳ луғавии он набуда, балки маъниест, ки зодаи тафаккури муаллиф аст. Яъне дар ибораҳои маҷозӣ калима аз маънии луғавии худ дур гашта, маъниеро соҳиб мегардад, ки муаллиф онро эҷод намудааст:

кўчабоғи умед, забони шаршараҳо, парниёни ишқ, хандаи набзи гули хуршед, абрешими хотираҳо, лоларези хомўшӣ, фасли шукуфтан…

 

Саволҳо аз рӯи мавзӯъ:

1. Воҳидҳои фразеологӣ чист?

2. Доир ба сохт ва хели ибораҳои фразеологӣ маълумот диҳед.

3. Ибораҳои рехта чист?

4. Ибораҳои маҷозӣ чӣ хел сохта мешаванд ?

5. Ифодаи фразеологӣ чӣ хел сохта мешавад? 

6. Ибораҳои тасвирии фразеологӣ чӣ хел сохта мешаванд?

7. Даҳ ибораи рехта ва маҷозӣ нависед.

Категория: Забони тоҷикӣ | Добавил: aplove
Просмотров: 1338 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 3.5/4
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.