T A J P R O G Ҷумъа, 19.07.2019, 23:55
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Забони тоҷикӣ [17]

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 581

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Услуби илмӣ ва гуфтугӯйӣ
09.04.2014, 01:16

Услуби илмӣ ва гуфтугӯйӣ

 

Натиҷаи фаъолияти илмии одамон, ки бе он ҷамъият пеш намеравад ва истеҳсолот тараққӣ намекунад, илмҳои гуногунро тавлид намудааст: риёзиёт, кимиё, адабиётшиносӣ, астрономия, ҷуғрофия, забоншиносӣ, иқтисодиёт…. Ҳамаи онҳо ба услуби илмӣ мансубанд.

Кори ходимони рўзномаву маҷаллаҳо ва телевизион, ки мақсад маълумотдиҳӣ ва тарбияи аъзоёни ҷамъият аст, услуби публитсистиро ба вуҷуд овардааст. Ба ин услуб очерк , мақола, ҳаҷв, намоиш ва барномаҳои радиову телевизион дохил мешаванд.

Талаби эстетикӣ- маънавии одамон сухани бадеиро тавлид кардаст, ки он дар шакли шеър, ғазал, байт, рўбоӣ, ҳикоя, повест, роман, қисса ва ғайра сурат гирифта, хусусияти асосии он образнокии калом мебошад. Муоширати ҳаррўзаи хона, кўча, ҷои кор, бозор, нақлиёт… истифодаи услуби гуфтугўиро талаб мекунад. Дар услуби гуфтугўи калимаҳое кор фармуда мешаванд, ки фақат хоси ҳамин намуди муоширатанд: қоқ (нисбат ба одам), задан (ба маънои хўрдан), кўфтан(ба маънои задан), мурда (ба маънои хасис)... Агар дар навишт ягонагии услуб риоя карда нашавад, ҳусни сухан низ хароб мегардад.

 

Лексикаи услуби илмӣ лексикаи (луғат) истилоҳотист. Дар ин услуб бештар ҷумлаҳои мураккаби тобее кор фармуда мешавад, ки ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда , сабабу мақсад, натиҷа дошта бошад, то ки масъалаҳои илмӣ пурра, дуруст ва мантиқан пайдарпай баён карда шавад.

Дар услуби илмӣ матлаб ва мақсад пай дар пай гуфта мешавад. Барои равшану возеҳ, пайдарпай баён кардани фикр дар матн таҳлил ва исбот истифода бурда мешавад. Ба ғайр аз ин матни илмӣ ҷамъбаст , яъне хулоса низ дорад. Дар охири асар сарчашма ва адабиёти истифодашуда оварда шудааст. Инчунин дар услуби илмӣ бештар далелу санадҳо ва факту рақамҳои мушаххас истифода бурда мешаванд.

 

Корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, навъҳо ва хусусиятҳои сохтории онҳо

 

Илм яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба шумор меравад. Пешрафти инсоният, аз ҷумла ҳар як миллат ба вусъати илм вобаста аст. Илм ба туфайли заҳмати олимону мутахассисони пешқадами эҷодкор тараққӣ мекунад, аз ин рў, онҳоро нерўи зеҳнии ҳар як миллат, қувваи созандаву пешбарандаи ҷамъият меҳисобанд.

Илм дар замони мо беш аз пеш аҳамият пайдо карда истодааст. Кашфиёти навбанави илмӣ рўз аз рўз бештар ба назар мерасанд. Аз ин сабаб ҳатто хубтарин китоби дарсӣ, ки аз тарафи олимони варзида таълиф ва дастраси донишҷўён гаштааст, қодир нест, ки мутахассисони ояндаи олимаълумотро дар сатҳи зарурии пешрафти пуравҷи илмию техникӣ бо асосҳои илми замонавӣ мусаллаҳ намояд. Аз ин лиҳоз зарурате ба миён меояд, ки мутахассисони оянда аз дастовардҳои илми замон огаҳ бошанд. Гузашта аз ин, онҳо бояд дар заминаи комёбиҳои бадастомада дар равнақи илм ҳисса гузоранд.. Бинобар ин дар назди мактабҳои олӣ вазифа меистад, ки донишҷўёнро ба фаъолияти илмӣ омода созанд. Дар ин ҷода лозим меояд, ки мутахассисони оянда бо навъҳои корҳои илмӣ ошно шаванд.

Натиҷаи ҷустуҷўҳои илмӣ-тадқиқотии олимон дар чунин навъи асарҳо манзур мегардад:

1.Монография – асари калонҳаҷмест (бештар аз 4 ҷузъи чопӣ), ки дар он проблемаи калони илмӣ ҳал карда мешавад.

2.Брошюра (китобча) – асари нисбатан хурдест (то 4 ҷузъи чопӣ), ки ба ҳалли проблемаи илмӣ нигаронида шудааст.

3.Рисола (диссертатсия)- тадқиқоти илмиест, ки муаллифи он аз тариқи дифои натиҷаҳои ҷустуҷўҳои илмии худ соҳиби дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илм мегардад.

4.Мақола – таълифи асари ҳаҷман хурд(то 1 ҷузъи чопӣ), ки ба баррасии масъалаи илмӣ нигаронида шудааст.

5.Маърўзаи илмӣ - матни баромад аз рўи натиҷаи

дастовардҳои илмист.

6. Фишурдаи (тезис) маърўза – гузориши масъалаҳои асосии

маърўзаи илмӣ ба тариқи мухтасар.

7. Аннотатсия (шарҳ) – шарҳи мухтасари (аз як абзатс то ним саҳифа) асари илмӣ, ки аз рўи қоида дар саҳифаи дуюми китобҳо (паси саҳифаи унвонӣ) дода мешавад.

8. Тақриз – мақолаест, ки ба нишон додани ҳусну қбҳи асарҳо бахшида шудааст.

 

Ҳамаи асарҳои тадқиқотӣ ба ҳалли муаммоҳои илмӣ нигаронида мешаванд, вале онҳо аз ҷиҳати сохтораз ҳам тафовут доранд. Аз ҷумла, монография ва рисолаҳо ҳамчун асари мукаммали тадқиқотӣ дорои муқаддима, бобҳо, хулосаҳои илмӣ мебошанд. Дар навбати худ дар муқаддима, боб ва хулоса низ тартиби муайяни байни фикр мавҷуд аст. Одатан ба ҷуз аннотатсия (шарҳ) ва тақриз дар навъҳои дигари асарҳои илмӣ таҳти унвони «адабиёт», «сарчашмаҳои илмӣ», «манобеъ», «китобнома», «пайнавишт» номгўи асарҳои истифодашуда зикр меёбад.

 

Тақриз ва хусусиятҳои он

 

Тақриз калимаи лотинӣ буда, маънояш таҳқиқ, нуқтаи назар, маълумот, арзиш додан ба чизест. Ба таъбири дигар муаллифи тақриз шахсест, ки нависандаи асарро ба хонанда , шунаванда ё бинанда шинос мекунад. Табиист, ки асоси тақризро таҳлил ташкил медиҳад. Дар тақриз ду ҳадафи асосӣ пеш гузошта мешавад:

1.Ҳар чи бештар оид ба мавзўи интихобшуда ва муаллифи он маълумот бояд дод.

2. Тадқиқ дар асоси факту далелҳои амиқ сурат гирад.

Муҳим аст, ки нависандаи тақриз аз оғози кор мавқеъ ва муносибати худро ба асари тақризшаванда муайян намояд. На ҳар асар ба тақриз зарурат дорад. Ҳар тақриз ҷузъҳои зеринро дорад:

1. Тезисҳо

2. Ташреҳи тезисҳо аз ҷониби муаллиф

3. Мавод барои тавзеҳ

Ҷузъ дар тақриз вазифаи зайлро иҷро мекунад:

1. Ҷузъ ба сифати тезис ифода гашта ба кашфи мундариҷаи асар кўмак мерасонад.

2. Ҷузъ ноқили хуби маълумот ва ахбор аст. Ба ин васила нависанда маърифати умумии хонандаро зиёд менамояд.

3. Ҷузъ мусаввири афкори муаллиф аст.

4. Аз тариқи ҷузъиёт муқарриз асарро ба таҳлил мегирад, ў қасдан ҷузъҳои тозаи аз асар берун, вале ба он алоқаманди воқеиятро дохил карда, ба ин васила иртиботи асари адабиёту санъатро ба зиндагӣ нишон медиҳад.

 

Маърўза ва тарзи навиштани он

 

Дар ҷашнвораҳо, конфронсҳо, маҳфилҳои гуногун, машваратҳои фаннӣ дар мавзўъҳои гуногун бояд баромад кард, яъне маърўза бояд навишт. Маърўза дар асоси асари хондашуда, фикри баромадкунанда нисбати шахсе, афкори омма нисбати шахси намоён, фикри шахси алоҳида оид ба асари илмӣ шуданаш мумкин аст. Барои навиштани маърўза маводҳои заруриро ҷамъ оварда, мазмуни онро асоснок бояд навишт. Дар маърўза мисолҳо аниқ, фаҳмо, табиӣ бояд бошанд.

Барои навиштани маърўза ба ин хусусиятҳо бояд риоя намуд:

1. Аниқу возеҳ будани мавзўъ.

2. Гирд овардани мавод.

3. Тартиб додани тезис.

4. Гуфтаи бузургон ва худи муаллиф.

 

Услуби гуфтугўӣ

Ин услуб дар алоқаи даҳонӣ, ғайрихаттии аҳли ҷамъият кор фармуда мешавад. Воситаи забонӣ дар он бе тайёрии махсус, дар рафти сўҳбат, ки байни шахси гўянда ва шунаванда мустақиман сурат мегирад, озодона истеъмол меёбанд.

Шакли маъмули услуби гуфтугўӣ муколама (гуфтугўи байни ду кас) мебошад. Дар муколама табдили фикр одатан ба тарзи мустақим (бевосита) сурат мегирад. Ин ҷиҳатро муҳимтарин хусусияти забони услуби гуфтугўӣ таъин менамояд, ки иборат аз инҳост: саволу ҷавоб, кўтоҳбаёнӣ, ҷумлаҳои мухтасару нопурра, озодии ҷои аъзоҳои ҷумла, фаровонии калима ва воҳидҳои луғавии гуфтугўӣ, иштироки воситаҳои ғайризабонӣ, аз қабили ҳаракати чашму абрў, имову ишорат ва монанди инҳо.

Воситаҳои хосаи забони ҳама қисматҳои системаи забонро фаро мегиранд.

1. Дар бобати луғат. Дар услуби гуфтугўӣ навъи гуфтугўии калимаҳо фаровон истифода мешавад. Инҳо ҳиссаҳои гуногуни нутқро фаро мегиранд: балохўр, ҳарина, калаварам, мурданӣ, кўрсавод, ҳафтафаҳм, сабилмонда, даррав...

Ин калимаю таъбирҳо ҳангоми истеъмоли бамаврид ба матн рўҳ ва хосияти гуфтугўӣ мебахшанд.

Масалан: «Кал додари кўр», - гуфтагӣ барин, дар харинагӣ мо аз якдигар намонем (Ф.Муҳаммадиев)

2. Воҳидҳои фразеологӣ зиёд истифода мешаванд: пайтаку пайтоба шудан, шикам танбўр навохтан, оби даҳон рафтан, об карда хўрдан, лингро аз осмон овардан, димоғ сухтан, аз бини боло гап зада натавонистан...

3.Аз воҳидҳои морфологӣ. Дар услуби гуфтугўӣ зиёдтар аз ҳама хелҳои гуногуни ҳиссачаҳо ва нидоҳо истеъмол мешаванд:Ўҳу, се-чор соат хобида мондам-а?

4. Дар бобати синтаксис. Дар услуби гуфтугўӣ хелҳои гуногуни ҷумлаҳои сода (ҳам дар шакли пурра ва ҳам нопурра) фаровон истифода бурда мешаванд.

Услуби гуфтугӯӣ бештар аз ҳама ба сурати диалог воқеъ мегардад. Дар ин ҳол ҷумлаҳои яккалимагӣ ва нопурра (тасдиқӣ, инкорӣ, нидоӣ) фаровон ба кор бурда мешаванд.Муоширати ҳаррўзаи хона, кўча, ҷои кор, бозор, нақлиёт истифодаи услуби гуфтугўиро талаб мекунад. Дар услуби гуфтугўӣ калимаҳое кор фармуда мешаванд, ки фақат хоси ҳамин намуди муоширатанд: қоқ (нисбат ба одам), задан (ба маънои хўрдан), кўфтан(ба маънои задан), мурда (ба маънои хасис).

Категория: Забони тоҷикӣ | Добавил: aplove
Просмотров: 1113 | Загрузок: 0 | Комментарии: 2 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.