T A J P R O G Ҷумъа, 19.07.2019, 23:57
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Забони тоҷикӣ [17]

Наш опрос
Аз кадом фанн маълумотнома лозим аст!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 2299

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Ҷумлаҳои сода
09.04.2014, 01:24

Ҷумлаҳои сода

 

Воҳиди асосии синтаксис ҷумла мебошад. Фикр бо воситаи ҷумла ифода меёбад. Гурўҳи калимаҳои алоқаманд ва ё ҷудогонае, ки як фикри томро ифода мекунад, ҷумла номида мешавад, Ҷумлаҳо сода ва мураккаб мешаванд. Ҷумлаҳои сода аз рўи мазмун се хеланд: ҳикоягӣ, саволӣ, хитобӣ.

 

Ҷумлаҳои ҳикоягӣ

Дар ҷумлаҳои содаи ҳикоят гўянда дар бораи ҳодиса ва предметҳо ҳикоя мекунад. Ин гуна ҷумлаҳо хуллас ва тафсилӣ мешаванд: Падарам фармуд, мо бархостем, ман ҷавоб медодам.

Хотима ёфтани ҷумлаи ҳикоягӣ ба воситаи интонатсия ифода меёбад. Ҷумлаҳои ҳикоятӣ бо оҳанги махсус хотима меебанд:

Рўзе аз рўзҳои баҳорон кўҳистон бо вазидани бодҳои баҳорӣ аз фаровонии сабзаи навхез монанди дарёи пуроб мавҷ мезад (С.Айнӣ)

Замоне дар музофоти Хуросон,

Бино бинмуд қасре дасти инсон. (М.Турсунзода)

 

Ҷумлаҳои саволӣ

Ҷумлаҳое, ки дар онҳо фикр ва мақсади гўянда ба тариқи пурсиш ифода меёбад, ҷумлаи саволӣ ном дорад. Як хусусияти ҷумлаҳои саволӣ ин аст, ки дар онҳо тааҷҷуб, ҳайрат, шубҳа ва афсўс дар шакли савол ифода меебад: Одамони таъинкардаро ёфтед?

Ҷумлаҳои саволӣ асосан бо ду роҳ ифода меёбанд:

1) Ба воситаи интонатсия (оҳанг). Дар ин гуна ҷумлаҳои саволӣ оҳанг роли калон мебозад, яъне ҳиссае, ки дар он ҷумла сухан дар бораи вай меравад, нисбат ба ҳиссаи дигари ҷумла шиддатноктар талаффуз меебад. Дар ин ҳолат задаи мантиқӣ бо оҳанги саволӣ ифода меебад ва ин калимаи саволӣ вобаста ба моҳияти сухан дар аввал, мобайн ва охири ҷумла омада метавонад: Анвар дар хона аст?

2) Ба воситаи калимаҳо ва ёридиҳандаҳои саволӣ: ба воситаи зарф ва ҷонишинҳои саволӣ кӣ, чӣ, кадом, чӣ хел, чанд, чӣ қадар, чандум, чаро, канӣ ва ғайра: Ту бо кӣ гап зада истодаӣ? Бобо куҷо рафт? Магар фармонро нашунидаӣ?

 

Ҷумлаҳои хитобӣ

Ҷумлаҳое, ки дар онҳо фикр бо ҳиссиёту ҳаяҷон, фармон ва хоҳишу илтимос ифода меёбад, ҷумлаи хитобӣ номида мешаванд. Ҷумлаҳои хитобӣ қатъи назар аз таркибашон бо оҳанги махсуси хитоб ва нидо ифода меёбад.

Ҷумлаҳои хитобӣ ба воситаи шаклҳои гуногуни феъли фармоиш (сиғаи амр) ташкил меебанд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо интонатсия роли асосиро мебозад:

Биеёд, эй рафикон, дарс хонем!

Ба бекориву нодонӣ намонем! (Айнӣ)

Ба ин сў нигоҳ кун! Чашмонатро пўш! – гўён фарёд мекашид .

Зарбулмасалҳо:

1. Забон донӣ--ҷаҳон донӣ!

2. Дуст он бошад, ки гирад дасти дуст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ. (Саъди)

 

Ҷумлаҳои сода

Ҷумлаҳои сода яктаркиба ва дутаркиба мешаванд.

Ҷумлаҳои содаи дутаркиба аз сараъзо (мубтадо ва хабар) ва ё дигар аъзоҳои пайрав (муайянкунанда, пуркунанда, ҳол ) иборат аст.

Ҷумлаҳои содаи дутаркиба хуллас ва тафсилӣ мешаванд. Ҷумлаҳои хуллас танҳо аз сараъзо иборат аст: Баҳор омад.

Ҷумлаҳои тафсилӣ аз сараъзо ва дигар аъзоҳои пайрав иборат аст:

Баҳор бо тамоми зебогиҳояш омад.

Ҷумлаҳои содаи яктаркиба

Ҷумлаҳои содаи яктаркиба аз яке аз сараъзоҳо ё мубтадо ё хабар ва дигар аъзоҳои пайрав иборат аст.

Ҷумлаи муайяншахс.

Ҷумлаи бемубтадое, ки амал ба воситаи хабарҳои феълии шахси якум ва дуюм ба вуҷуд меояд: Китоб хондам.

Ҷумлаҳои номуайяншахс:

Аз сояи худ метарсад.

Ҷумлаи бешахс:

Ҷумлае, ки дар онҳо мубтадо нест ва онро аз мазмуни ҷумла фаҳмида намешавад. Ҷумлаи бешахс асосан аз феъли ёридиҳандаи “бояд” ва калимаҳои модалии мумкин, даркор, зарур, лозим ва ғайра ифода меёбад.

Мисол: Имтиҳонҳоро дар вақташ супоридан даркор.

Ба он ҷо бояд рафт.

Ҷумлаи унвонӣ:

Баҳор. Баҳори нозанин имрўз барвақт омад...

 

Мисолҳо доир ба мавзўи ҷумлаҳои сода:

1. Чўҷаро дар тирамоҳ мешуморанд.

2. Хонаро оро доданд.

3. Шуморо ба телефон ҷеғ заданд.

4. Шаҳри мо ба худ намуди зебое гирифта буд.

5. Ба шумо умри дароз ва хушбахтӣ мехоҳам.

6. Кори имрўзаро ба фардо нагузор.

7. Ин китобро бояд хонд.

8. Биё, акнун барвақттар хоб равем.

Хонаро тоза бояд нигоҳ дошт.

Категория: Забони тоҷикӣ | Добавил: aplove
Просмотров: 831 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.