T A J P R O G Шанбе, 20.07.2019, 00:45
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Забони тоҷикӣ [17]

Наш опрос
Аз кадом фанн маълумотнома лозим аст!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 2299

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Аломатҳои китобати охири ҷумла ва муштаракмавқеъ
09.04.2014, 01:15

Аломатҳои китобати охири ҷумла ва муштаракмавқеъ

 

Нуқта (.)

Нуқта калимаи арабӣ буда, дар ибтидо пайваст шудани ду ё чанд хати ростро меномиданд. Ҳамчунин ҷоест, ки имкони чен кардани масофаеро надорад. Маҷозан ба маънои ҳол ва мардумаки чашм низ меояд.

Он яке аз қадимарин, асоситарин ва серистифодатарин аломатҳои китоб буда, вазифа, маврид ва мақоми корбасташ чунин аст:

Ба итмом расидани фикрро ифода менамояд: Номи ман Маҳбуба аст. Ман донишҷўям.

1. Ҳангоми ихтисор карда нишон додани сарҳарфи ному насаб ва насаби одамон: Аҳмадов Н.Т., Валиева С.М., Неъматзода Б.В., Олимдухт П., Раҳимӣ М., Р. Ҷалил ва ғайра.

2. Агар таърихи рўзу моҳу сол бо рақам навишта шавад, пас аз санаи рўзу моҳ нуқта мегузоранд, вале баъди сол гузошта намешавад: 24. 04 1999 ; 15. 08. 2001; 03.12.2003; 26.11. 03 ва ғайра. Дар ин маврид нуқта рақамҳоро аз ҳам ҷудо менамояд.

 

Савол (?)

Дар охири ҷумлаҳое, ки ҷавоби бечунучаро металбад: Шумо аз куҷо омадед? Номи шумо чист?

1.Дар охири ҷонишинҳои саволии шахсӣ: (ифода мекунанд): предметро: кӣ? киҳо? чй ? чиҳо? ; сифату аломатро: чй гуна? чй хел?, чй навъ?, чй сон?, кадом ? замонро: кай ? аз кай?, то кай? кай боз ? то ба кай ?, чанд вакт; маконро : аз куҷо?, куҷоҳо? сабабу мақсадро: чаро?, барои чй? аз чй ? аз кй ? аз чй сабаб?, бо чй сабаб?, бо чӣ мақсад?; тарзи амалу ҳолатро: чй тавр?, чй тарз?, чй тариқа? …

2. Дар охири ҳиссачаҳои саволй: - мй? - чй? - а? магар? наход? наход-ки? оё ? медонед-ми? гуфтам-а? равем-чи?...

3. Аломати савол бо ҳиссачаҳои –мй? -чй?...

 

Хитоб (!)

Дар хатту имло ҳумчун истилоҳ барои ифодаи оҳанги нидову хитоб ва амру фармон корбаст мешавад. Бинобар он хитобро ифодагари эҳсосу ҳиссиёт ва ҳаяҷони баланд меноманд. Он дар мавридҳо зайл меояд:

1. Ҳангоми ифодаи амру супориши бо хитоб изҳоршуда: Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!

- Таваккал карда, ба тарафи хиёбон равем-чй?

- Бисер хуб, равон шав! (С.А.)

2. Ҳангоми таъкиду изҳори боэҳсоси фикр : Боз мегўям, ҷои мунозира нест ин ҷо ! (Ф.М.)

3. Барои ифодаи муроҷиату даъват: Пахта боигарии асосии мост! Онро то пағаи охирин чида, ба давлат месупорем!

4. Барои фаҳмонидани хурсандию хушнудй, қаноатмандю тантана:

5. Ҳангоми ифодаи хашму ғазаб, сарзанишу таҳкир: Хезед дафъ шавед! Ҳайфи ту барин ҷавон!

 

Аломатҳои китобати муштаракмавқеъ

 

Сенуқта (…)

Сенуқта аломатест, ки ба анҷом нарасида қатъ гардидани фикрро далолат мекунад. Онро бисёрнуқта ё мўлнуқта ҳам мегўянд. Вай аломати ист буда, баръакси аломати нуқта вобаста ба мақсаду мароми гўянда ё нависанда метавонад дар аввал, мобайн ё охири ҷумла ояд:

1. Дар охири ҷумлаҳое, ки ба сабаби ҳаяҷону изтироб , ғазабу нафрат, тарсу ҳарос , таҳдиду фишор ва ғайра, гўянда фикрашро то охир нарасонидааст: Ман…, ман … гуфтанӣ будам. Аммо гумон кардам, ки шумо...(Ф М)

2 Бо сабабе бурида шудани нутқ : Ҳозир ман ҳамаашро ба шумо мефаҳмонам, ки… шуд, шуд , ҳамааш фаҳмо!

3. Дар аввали матн бо мақсади ихтисор кардани порчаҳои нозарури ҷумла ё матн: … масъалаи тартиб додани луғати тафсирии терминҳои забоншиносӣ, ҳанўз солҳои бистум сар шуда , то ба ин дам бевосита ва ҳам ба воситаи тарҷума аз дигар забонҳо, луғатҳои бисёр ҳам ба табъ расидаанд ( Луғати терминҳои забоншиносӣ)

 

Қавс ( )

Вожаи қавс аз забони арабӣ гирифта шуда, ба гурўҳи калимаҳои сермаъно шомил аст. Қавс хатти нимдоираест, ки моҳи ҳилолро монад, тарафи чапаш кушода ва росташ пўшида буда, дар мавридҳои зайл истифода мешавад:

1. Барои ҷудо карда нишон додани рақами тартибии рўйхати исму насаби одамон: а) ба таври амудӣ : 1) Самадов А.; 2) Неъматов Б.; 3) Зоҳидов Х…

 

Нохунак « »

Нохунак вожаи тоҷикӣ буда, аз калимаи нохун ва пасванди хурдию навозиш - ак сохта шудааст ва маънои луғаваиш нохунча мебошад. Ҳангоми китобат аломате истифода мешавад, ки ба нўги буридани нохун шабеҳу монанд аст.

Нохунак дар мавридҳои зайл истифода мешавад:

1. Ҳангоми нишон додани нутқи айнаннақлшуда.

2. Барои ифодаи фикр, калимаю ибораҳо, ба маънои маҷозӣ низ истифода мебаранд. Чунин вожаҳо маъмулан дар нохунак гирифта мешаванд: Тайёр набошӣ баҳоят «аъло»-дия (С. Т.)

3. Номи асар, рўзнома, ҳафтанома, моҳнома, маҷалла, мақола: Рўзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»…

4. Номи корхонаю муассиса, ҷамъият, ташкилоту идора, созмон: Ҷамъияти саҳомии «Хуросон»…

 

Аломатҳои китобатии туфайлӣ

Аломати мувозӣ. Аломати мувозӣ дар китобат тоқа ва ҷуфт истифода мешавад.

1. Барои ҷудо нишон додани моддаҳои таърихии байни санаҳои ҳиҷрӣ ва мелодӣ мегузоранд. Соли 900\1494 Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Анвори Суҳайли»-ро ба ў ( ба шоир ва вазири Султон Ҳусайни Бойқаро Амир Низомаддини Шайх Аҳмад ) бахшида таълиф мекунад ( Гулшани адаб).

2. Ҳангоми баргардонидани солшумории ҳиҷрӣ ба мелодӣ, барои нишон додани мутобиқати санаҳо: Суҳайлӣ 10 рабеъуллавали санаи 908\14 сентябри соли 1502 дар Ҳирот вафот кард (Гулшани адаб).

3. Дар тадқиқоти фонетикӣ барои ҷудо кардани синтагмаҳо: Донишҷўён // имтиҳонҳоро супориданд.

 

Аломати зада

Зада аломати китобатиест, ки барои нишон додани ҳиҷоҳои зададори забони тоҷикӣ истифода мешавад. Он ба шакли хатчаи уфуқӣ ба андозаи ним ҳарф бар болои ҳиҷое гузошта мешавад, ки нисбат ба ҳиҷоҳои дигар пурқуваттар, кашишноктар ва дарозтар талаффуз мегардад. Дар забони тоҷикӣ танҳо овозҳои садонок зада мегиранд: об, хок, китобхона…

Задаи фонетикӣ ва мантиқӣ маъмул аст.

 

Сархат

Сархат дар забоншиносии тоҷик ба маънои абзатс истифода мешавад. Абзатс калимаи немисӣ буда, маънои аслиаш боқӣ ва холӣ гузоштан аст. Сарсатр низ меноманд.

Сархат ба ду маънӣ истифода мешавад:

а) Ҷои холие, ки дар аввали ҳар сатр ба андозаи 3-4 ҳарф гузошта мешавад.

б) Порча ё матни дастнавису чопиро гўянд, ки як ё якчанд фикру ақидаи ба ҳамдигар алоқаманди як мавзўъву якмазмунро шомил бошад. Онро аз рўи вазифа ба якчанд навъ ҷудо бояд кард.

1.Сархати умумӣ ё ибтидоӣ- сархатест, ки дар оғози ҳар гуна матн, масалан, асару мақола, мактуб ва ғайра, ба андозаи се ҳарф ҷои холӣ гузошта мешаваду нишонаи оғози матн нест.

 

Саволҳо аз рўи мавзўъ:

1. Аломатҳои китобати охири ҷумла кадомҳоянд?

2. Кадом мавридҳо нуқта гузошта намешавад?

3. Кадом вақт нуқта гузошта мешавад?

4. Кадом вақт аломати савол гузошта мешавад?

5. Кадом вақт аломати хитоб гузошта намешавад?

6. “Нуқта” калимаи кадом забон аст?

7.Ҷумлаҳои саволӣ бо кадом роҳҳо сохта мешаванд?

Категория: Забони тоҷикӣ | Добавил: aplove
Просмотров: 1056 | Загрузок: 0 | Комментарии: 5 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.