T A J P R O G Ҷумъа, 19.07.2019, 23:55
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Забони тоҷикӣ [17]

Наш опрос
Аз кадом фанн маълумотнома лозим аст!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 2299

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Хатоҳои услубӣ ва ислоҳи онҳо
09.04.2014, 01:22

Хатоҳои услубӣ ва ислоҳи онҳо

 

Ҳангоми ифодаи фикр дар қолаби ҷумлаҳо гоҳо ғалатҳое рух медиҳад, ки ба навъи хатоҳои услубӣ шомиланд. Хатоҳои услубӣ ҳангоми мувофиқат накардани мубтадо ва хабари ҷумла, истифодаи калимаҳои ноошно ё духўра, ноогоҳӣ аз мавриди корбасти калимаҳо ва асосан ҳангоми кашол ёфтани ҷумла рух медиҳад. Масалан, дар ҷумлаи зерин хатои услубиро мебинем:

Афту башараи зебо ва қомати мавзуни духтар диққати раҳгузаронро ба худ ҷалб менамуд.

Омезиши услубҳои нутқ ва бемаврид корбаст намудани калимаҳо боиси хатои услубӣ дар ҷумлаи мазкур гаштааст. Вақте ки сухан дар мавриди ҳусну зебоӣ ё қаҳрамони мусбӣ меравад, бояд мавсуф бо калимаҳои дорои тобиши маъноии мусбӣ тавсиф гардад. Таркиби «афту башара» хоси услуби гуфтугўӣ буда, тобиши маъноии манфиро дорост. Аз ин рў, дар ҷумлаи мазкур ба ҷои таркиби мазкур метавон аз вожаҳои «чеҳра», «симо», «рухсора» ва амсоли онҳо истифода бурд.

 

Машқи 1. Хатоҳои услубии ҷумлаҳоро ёбед ва ислоҳ намоед:

1. Ҳаким дар хобаш боғҳои пур аз сабзаву гулҳои рангоранг, чаҳ-чаҳи паррандагонро мешунид ва курта – курта гўшт мегирифт.

2. Дар наздикии ҳавз кате гузошта рўи он гилеми пурнақшу нигоре паҳн карда буданд ва бачагон бо амри падарашон барои қабули меҳмонон дастурхон паҳн карданд.

 

Саволҳо аз рӯи мавзӯъ:

1. Ҷумлаҳои мураккаб чист?

2. Ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъро шарҳ диҳед?

3. Ҷумлаҳои мураккаби омехта гуфта чиро мегўянд?

Категория: Забони тоҷикӣ | Добавил: aplove
Просмотров: 198 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.