T A J P R O G Панҷшанбе, 27.06.2019, 13:35
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Забони тоҷикӣ [17]

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 579

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Калимаҳои кўҳнашуда ва неологизмҳо. Таъбироти халқӣ ва одоби муошират. Калимаҳои кўҳнашуда ва неологизмҳо.
09.04.2014, 22:31

Калимаҳои кўҳнашуда ва неологизмҳо.

Таъбироти халқӣ ва одоби муошират.

Калимаҳои кўҳнашуда ва неологизмҳо.

 

Калимаҳои кўҳнашуда ва нав (архаистӣ ва неологизмҳо)

Дар забони тоҷикӣ калимаҳое, ки аз ҷиҳати хусусияти забонии худ аз дигар гурўҳҳои лексикӣ, аз калимаҳои умумии серистеъмоли муосир фарқ мекунад, хеле бисёранд. Як гурўҳи калимаҳоро калимаҳои таърихӣ ташкил медиҳанд.

Калимаҳои таърихӣ предмету мафҳумҳоеро ифода мекунанд, ки манбаи маводии онҳо барҳам хўрдааст.

Масалан: қозӣ, амир, амлокдор, миршаб, корвонбошӣ, чоряккор, батрак, бунак ва ғайра. Гурўҳи калимаҳои кўҳнашударо архаизмҳо ташкил мекунанд. Масалан, архаизмҳо бошанд ҷои худро ба калимаҳои дигар додаанд. Мисол: видоъ- падруд, қосид- пайк,қалъа- диж, деҳқон- кишоварз, хурд- кеҳ, тахт- авранг, насиҳат- панду андарз, онҳо- эшон.

Калимаҳои кўҳнашуда бисёр калимаҳои хоси замонҳои гузашта, муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамон давраро ифода мекунанд. Масалан: камина- худ, махдум – арбоб, маликушшуаро- шоҳи шоирон, боҷ- андоз...

Калимаҳои нав ( неологизмҳо)

Ҳар як предмет мафҳум ё ҳодисаи нав ба воситаи калимаву ибораҳои нав ном бурда мешаванд. Пас аз Инқилоби Октябр ба забони тоҷикӣ бисёр калимаҳои нав дохил шудаанд: колхоз, совхоз, комсомол, трактор, револютсия, сотсиализм, коммунизм...

Калимаҳои нав бо ду роҳ пайдо шудаанд:

1. Барои номбар кардани предмет, ҳодиса ва сифати нави воқеият: космос, космодром, радифи маснўъ, васеъэкран, бригада ва ғайра.

2. Барои аз нав номбар кардани предмет, ҳодиса ва сифати вокеият, ки пеш аз ин ҳам дар забон ном доштанд. Мисол: солдат- аскар, армия- лашкар , аптека- дорухона, блок-созиш, поэма- достон,самолёт-тайёра.

Дар асри 21 ба забони тоҷикӣ калимаҳои нав (махсусан англисӣ) фаровон дохил шуда истодаанд: информатика, компютер, технология, менеҷмент, менеҷер,бизнес, инвеститсия, кредит...

 

Лексикаи соҳавӣ

Ҳар як касбу ҳунар, ки хусусияти фаъолияти меҳнатии одамонро муайян мекунад, ба лексикаи хоси худ соҳиб аст. Лексикаи ҳар як касбу ҳунар бештар дар доираи худи ҳамон касбу ҳунар аз тарафи намояндагони он истеъмол мешавад.

Лексикаи касбҳои гуногун, аз ҷумла бофандагӣ, дўзандагӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ ва ғайра бо забони умумихалқӣ муносибати ҳамешагӣ доранд, вале бо хусусиятҳои махсуси худ байни ҳам ва забони умумихалқӣ фарқ карда меистанд. Луғати ин ё он соҳа, барои ҳамаи намояндагони ҳамин соҳа фаҳмо аст ва аз тарафи онҳо каму беш истеъмол мешаванд. Аз тарафи дигар, дар байни луғати касбӣ лексикаи махсуси маҳдуд ва лексикаи ҳамафаҳми то як андоза умумишуда мушоҳида мегардад. Масалан, аз касби бофандагӣ: алоча, бахмал, беқасаб, моку, найча, аз касби оҳангарӣ, мисгарӣ ва тунукасозӣ, кура, чарх, дам, сандон, қайчӣ, болға, анбўр барин калимаҳо ҳамафаҳм шудаанд, вале баъзе калимаҳои соҳавӣ бештар ба намояндагони худи ҳамон соҳаҳо маълуманд ва аз ин ҷиҳат лексикаи махсуси маҳдудро ташкил медиҳанд. Лексикаи касбу ҳунар дар забони тоҷикӣ ҳам аз ҷиҳати тараққиёти техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати инкишоф ва тағйироти имрўзааш мавқеи алоҳидаеро ишғол менамояд. Бисёр лексикаи касбиро мушоҳида менамоем, ки ҳоло аз байн рафтаанд ё рафта истодаанд ва қисми дигар ба андозаи мавҷудияти соҳаҳои касбу ҳунар ё пайдоиши навъҳои дигари он дар истеъмоланд. Бинобар ин лексикаи касбӣ ҳамчун калимаҳои ифодакунандаи соҳаҳои гуногуни касбу кор, ки гурўҳи муайяни лексикаи забони тоҷикиро ташкил медиҳанд, барои омўхтану равшан намудани ҳодисаҳои лексикӣ ва грамматикии забон аҳамияти калон дорад.

Лексикаи соҳавӣ ҳамчун калимаҳои махсуси соҳаҳои гуногуни касбу ҳунар пештар дар нутқи гуфтугўии намояндагони ҳамин соҳаҳо истеъмол мешудаанд ва як навъ истилоҳоти хоси онҳо ба шумор мераванд. Аз ин ҷиҳат, лексикаи касбиро терминҳои халқии соҳаи касбу ҳунар номидан беҳтар аст.

 

Таъбироти халқӣ ва одоби муошират

Ҳамарўза дар муносибати байниҳамдигарии инсонҳо истифода аз таъбироти халқӣ ба мушоҳида мерасад. Одамон ба хотири танзими муносибатҳо аз одоби муошират ва тарзҳои анъанавии салому падруд истифода мебаранд.

Таъбироти халқӣ маърифати суханвар ва ахлоқи неки ўро инъикос менамоянд. Ҳар рўз дар фосилаи салому падруд инсонҳо дар муошират аз таъбирот ва калимаҳои зиёд истифод мебаранд. Воқеан ҳусни инсон ва фарҳанги ў дар тарзи ифодаи матлаб ва баёни андеша, муносибати ў бо дигарон ифода меёбад.

 

Сухан бифканад минбару дорро,

Зи сўрох берун кунад морро.

 

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

 

Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,

Сухан талху ширину дармони дард.

 

Агарчи пеши хирадманд хомўшӣ адаб аст,

Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кўшӣ.

 

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст.

 

Ҷуз рост набояд гуфт ва ҳар рост нашояд гуфт.

Таъбирҳои халқӣ дар ҳар лаҳзаи ҳаёти мо истифода мешавад. Яке аз фазилатҳои хуби инсонӣ меҳмоннавозӣ ва одоби салом аст, ки мо дар ҳар лаҳзаи ҳаёти худ истифода мебарем. Дар бораи одоби меҳмондорӣ мегўянд:

 

Андар он ки меҳмон дорӣ,

Ҳурмати меҳмон бояд дошт.

Бар лаби чўйбори меҳмони,

Ҷуз ниҳоли карам нашояд кошт.

 

Одоби салом

Гузаштагони ҳаётдидаи бошарафи мо саломро алифбои одоб номидаанд. Аз ин рў, онҳо ба ҳамаи хурду калон, шиносу ношинос салом медоданду саломро қарзи Худо меҳисобиданд. Аслан изҳори хайрхоҳӣ, оромӣ, саломатӣ ва самимияти байни одамон буда, ба чо овардани одоби салом аломати маданиятнокии ҳар як шахс мебошад. Аксарияти мусулмонон дар вақти вохўрӣ “Ассалому алейкум “ мегўянд, ки маънояш “Саломат ва тинҷ бошед “ мебошад. “Ваалейкум ассалом “- мегўяд шахси дигар, ки маънояш “Шумо ҳам саломат бошед “ гуфтан аст. Яъне салом кардан саломат ва осудагии ҳамдигарро хостан, ба ҳамдигар тинчию амонӣ, сулҳу осоиштагӣ орзу намудан аст. Аз ин рў, одам бояд ба хурду калон, шиносу ношинос бояд салом гўяд. Агар ба ягон чамъомаде равед, ба ҳама салом гўед. Дар вақти ба касе салом гуфтан бояд чеҳрахандон бошед. Бо қавоқи гирифта ба касе салом гуфтан ё алейк гирифтан аз рӯи одоб нест. Бо имову ишора салому алейк кардан низ камоли беҳурматист. Дар вақти салому алейк ҳолпурсӣ кардан ва саломатии аҳли хонадонро пурсидан лозим аст. Бо кибру ғурур ба касе салом нагўед, ки он шахс аз шумо меранҷад. Ҳама гуна вохўрӣ ва мулоқоти одамон бо салом оғоз меёбад, бинобар ин саломро калиди муносибатҳои инсонӣ номидаанд. Салом маданиятнокии одамонро нишон медиҳад. Маънои салом додан изҳори хайрхоҳӣ аст. Салом доданро фаромўш накунед.

Дигар намуди одоби муошират муомила бо падару модар аст. Ҳангоми муомила бо падару модар бояд хушмуомила бошед.

 

Чаннат, ки ризои мо дар он аст,

Андар таҳи пои модарон аст.

Кошифӣ

Бо модари худ меҳрубон бош,

Омодаи хидматаш ба чон бош

Бо чашми адаб нигар падарро.

Аз гуфтаи ў мапеч сарро.

Э. Мирзо

Категория: Забони тоҷикӣ | Добавил: aplove
Просмотров: 969 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.