T A J P R O G Шанбе, 20.07.2019, 00:00
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Забони тоҷикӣ [17]

Наш опрос
Аз кадом фанн маълумотнома лозим аст!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 2299

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Имлои пайвандакҳо
09.04.2014, 22:40

Имлои пайвандакҳо

 

Пайвандакҳо ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ буда, аъзоҳои ҷумлаи сода ва ё ҷумлаҳоро бо якдигар мепайвандад. Онҳо аз ҷиҳати сохт сода (ва, ҳам, ё, ки, чун, то, аммо, лекин, вале, зеро, агар), мураккаб (чунки, азбаски, агарчи, гарчи, вагарна), таркибӣ (ё ки, ё ин ки, вақте ки,то ин ки) мешаванд.

Пайвандкҳо аз ҷиҳати маъно ва вазифаҳояшон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: пайвасткунанда ва тобеъкунанда.

Пайвандакҳои пайвасткунанда аъзоҳои баробарҳуқуқи ҷумлаҳои сода ва мураккабро бо ҳам алоқаманд мекунанд. Онҳо ба хелҳои паиҳам, ҷудоӣ ва хилофӣ ҷудо мешаванд:

1) паиҳам – ва, ҳам, чи-чи… 

2) хилофӣ – аммо, вале, лекин…

3) ҷудоӣ – ё, ё-ё, ё ин ки… 

Пайвандкҳои тобеъкунанда дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ байни cарҷумла ва ҷумлаҳои пайрав омада, ҷумлаи пайравро ба сарҷумла тобеъ мекунанд. Онҳо ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд :

1. Пайвандакҳои замон: вақте ки,пеш аз он ки,баъд аз он ки,то даме ки, ҳар боре ки…

2. Пайвандакҳои макон: ҷое ки,то ҷое ки,ҳар ҷо ки…

3. Пайвандакҳои тарзи амал:ба тарзе ки,ба тавре ки,бе он ки…

4. Пайвандакҳои миқдору дараҷа:ба дараҷае ки,ба андозае ки, ба ҳадде ки

5. Пайвандакҳои монандӣ: монанди он ки,мисли он ки,чи тавре ки…

6. Пайвандакҳои сабаб: азбаски,зеро ки,ба сабаби он ки,барои он ки, …

7. Пайвандакҳои мақсад: то ки, барои он ки, бо мақсади он ки…

8. Пайвандакҳои шартӣ: агар,ба шарте ки,агар ки…

9. Пайвандакҳои хилофӣ: ҳарчанд,ҳарчанд ки…

 

Тарзи навишти пайвандакхо

Пайвандакҳое, ки якҷоя навишта мешаванд :

а) Пайвандакҳои мураккаб: агарчи, балки, чунонки, вагарна…

б) Пайвандаки -у,-ю, -ву бо калима ҳамроҳ навишта мешавад: китобу дафтар, хонаю дар, кору бор…

Пайвандакҳое, ки ҷудо навишта мешаванд:

а) пайвандакҳои сода: ва, ки...

б) пайвандакҳои таркибӣ: зеро ки, ба қадре ки, ҳоло он ки ...

Агар пайвандакҳо ихтисор шаванд бо дефис навишта мешаванд.

 

Якҷоя навишта мешаванд:

а) пайвандакҳои мураккаб: балки, агарчи (гарчи), азбаски (баски), вагарна (гарна), чунки ва ғайра;

б) пайвандаки -у (-ву, -ю) бо калимаи пешина: ёру рафиқ, дўсту душман, илмиву оммавӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва ғайра.

 

Ҷудо навишта мешаванд:

а) пайвандакҳои ва,ки: устодон ва шогирдон; Забони модариро бояд ҳама хуб донанд ва азиз доранд.Ў қавл дода буд, ки фардо меояд ва ғайра;

б) ҷузъҳои пайвандакҳои таркибӣ: вақте ки, зеро ки, бо вуҷуди ин (он) ки, сарфи назар аз он (он) ки, аз сабаби ин (он ) ки, 6а қадре ки, ба тавре ин, бе ин (он) ки ва ғайра.

Агар пайвандак (бештар ва, ки) ихтисор шавад, бо дефис навишта мешавад: в-ар (ва агар), в-аз (ва аз), в-ў (ва ў), к-аз (ки аз), к-он (ки он), в-имрўз (ва имрўз), к-омад (ки омад) ва ғайра.

 

Саволҳо аз рўи мавзўъ:

1. Кадом хели пешояндҳо бо дефис навишта мешаванд?

2. «Дар» дар кадом маврид бо реша якҷоя навишта мешаванд?

3. Кадом пешояндҳо ҷудо навишта мешаванд? 

4. Пешояндҳо аз рўи сохт чӣ хел мешаванд?

5. Кадом пасоянд бо калимаҳо якҷоя навишта мешавад?

6. Пешояндҳои серистеъмол кадомҳоанд?

7. Пешоянди «ба» чиро ифода мекунад?

8. Кадом пешоянд макон ва замони воқеъ гардидани амалро мефаҳмонад?

9. Кадом пешоянд «ибтидо ва интиҳои амалро» ифода мекунад?

10. Кадом пешоянд «набудани касе ё предметеро» нишон медиҳад?

11. Кадом пешоянд «муносибатҳои ҳамроҳиро» нишон медиҳад?

12. Пешояндҳои номии изофӣ кадомҳоанд?

13. Кадом пешояндҳо бо дефис навишта мешаванд?

14. Кадом ҳиссаҳои нутқ бештар чун пешояндҳо истифода мешаванд?

15. Кадом пасоянд пас аз нохунак ва қафс бо дефис навишта мешавад?

Категория: Забони тоҷикӣ | Добавил: aplove
Просмотров: 3544 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 3.3/3
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.