T A J P R O G Панҷшанбе, 27.06.2019, 13:38
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Забони тоҷикӣ [17]

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 579

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Имлои ҳиссача ва нидо
09.04.2014, 22:34

Имлои ҳиссача ва нидо

 

Ҳиссачаҳо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ба фикри гуфташуда муносибати гўяндаро мефаҳмонад. Онҳо барои таъкиду тобишҳои гуногуни маъноии калима, ибора ва ҷумла хизмат мекунанд. Аз ҷиҳати сохт сода (ана, ҳа, кани), сохта (мабодо, рафту) ва таркибӣ (гуё ки, на он ки, ҳа ана) мешаванд. 

Ҳиссаи нутқе, ки ҳаяҷону ҳиссиёти гуногун ва изҳорро ифода мекунад, нидо номида мешавад. Нидо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:

1. Нидои ифодакунандаи ҳиссиёту ҳаяҷон : э, а, о, и, эҳ, оҳ, уф…

2. Нидоҳои ифодагари ирода (нидоҳои амр) : эй, ой, ҳой, аммо, аё, диққат...

 

Имлои ҳиссача

Ҷузъҳои ҳиссача ва калимаҳои модалии рехтаи навъи зерин якҷоя навишта мешаванд: кошки, бигузор (бигзор), мабодо, даркор, рафту (раваду) ва ғайра.

Ҳиссачаҳои -чи, -ку, -а пас аз калима ояд бо дефис навишта мешаванд: равем-чи, баргардем-чи, рафтед-ку, нагуфтед-ку, напурсидед-ку, наовардед-а ва ғайра.

Ҳиссачаҳои на, фақат, танҳо, гўё, магар, ҳатто, оё, ҳам, низ аз калимаҳои пешинаву баъдина ҷудо навишта мешаванд : На омадед ва на пайғом фиристодед. Дар ин ҷо маро фақат ту мешиносӣ. Ин гапро танҳо як кас медонист. Ҳатто баъд аз ҷаласа баҳс идома дошт. Оё ин кор барои шумо вазнин нест? Меҳмон ҳам бо мо меравад ва ғайра.

Ҳиссача ва калимаҳои модалии таркибӣ ҷудо навишта мешаванд: биё мон, биёед монед, гуё ки, ҳо бале, шояд ки, бояд ки, равад ки ва ғайра.

 

Имлои нидо

Нидоҳо ва калимаҳои модалии рехтаи зерин якҷоя навишта мешаванд: дареғо, илоҳо, худоё, ҳайфо, аллаё, раве, хезе, гурезе ва ғайра.

Нидоҳои такрор бо дефис навишта мешаванд: бай-бай, баҳ-баҳ, вой-вой, ҳай-ҳай, беҳ-беҳ, куч-куч, хиш-хиш, кош-кош, худ-худ ғайра.

Ҷузъҳои нидоҳои таркибӣ ва калимаҳои модалӣ ҷудо навишта мешаванд: сад дареғ, сад афсўс, ҳай дареғ, бисёр афсўс, сад ҳайф, ҳазор тавба; во дареғо, э вой, салому алейкум, ҳа офарин, сабил монад ва ғайра.

 

Саволҳо аз рўи мавзўъ:

1. Ҳисачаҳо аз ҷиҳати сохт чанд хел мешаванд?

2. Ҳиссачаҳои ишорӣ кадомҳоянд?

3. Ҳиссачаҳои маҳдудӣ кадомҳоянд?

4. Ҳиссачаҳои таькидӣ кадомҳоянд?

5. Ҳиссачаҳои тасдиқӣ кадомҳоянд?

6. Ҳиссачаҳои инкорӣ кадомҳоянд?

7. Ҳиссачаҳои саволӣ кадомҳоянд?

8. Ҳиссачаҳои модалӣ кадомҳоянд?

9. Ҳиссачаҳои модалӣ-иродавӣ кадомҳоянд?

10. Нидоҳо ба чанд гурўҳ ҷудо мешаванд?

11. Кадом нидоҳо ҳиссиёту ҳаяҷонро ифода мекунанд?

12. Нидоҳои ифодагари ирода кадомҳоянд?

13. Кадом нидоҳо талаби риояи хомўшӣ ва итоат карданро ифода менамоянд?

14. Байни кадом нидоҳо аломати тире гузошта мешавад?

 

Ҳикоят

Каждуме ногоҳ ба лаби обе расид хушк набуд.Фурўъ монд, на пои рафтан ва на роҳи бозгаштан. Сангпуште ин маъниро аз вай мушоҳида кард, ба вай тараҳҳум намуд ва бар пушти худаш савор кард ва худро дар об андохта шинокунон рў ба ҷониби дигар ниҳод ва дар он асно овозе ба гўшаш расид ва дид, ки каждум чизе бар пушти вай мезад. Пурсид, ки ин чӣ овоз аст? Каждум ҷавоб дод, ки ин овози неши ман аст бар пушти ту. Ҳарчанд медонам, ки бар он коргар намеояд, аммо одоби худро наметавонам гузошт, чунончи гуфтаанд: 

Неши ақраб на аз раҲи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Сангпушт бо худ гуфт, ки ҳеҷ беҳ аз ин нест, ки ин бадсириштро аз ин хўи бад бираҳонам ва некўсиратонро аз осеби вай халосӣ диҳам. Ба об фурў рафт ва каждумро мавҷ бурд.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Категория: Забони тоҷикӣ | Добавил: aplove
Просмотров: 1909 | Загрузок: 0 | Комментарии: 1 | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 1
1 Ёсинчон   (23.05.2018 08:57)
Хохиш мекунам ягон матне нависед ки нидохо дошта бошад

Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.