T A J P R O G Чоршанбе, 21.08.2019, 04:27
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
VB6 [4]
VB.NET [27]

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 581

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Шартгузорй дар VBA
14.05.2014, 02:10

Як тиру ду нишон

Дар навиштори гузашта доир ба моделхо гуфта гузаштем. Моделхо ду навъ мешудаанд:
1. Моддй
2. Информатсиони

Холо бо як тир ду нишон зада хам дар забони барномасозии Visual Basic истифодаи мачмуи элементхоро (массив) ва хам модели информатсионии «Чадвали дарсхо»-ро месозем.

Барои ин ба руи Form-и стандартй 6-то тугмача – Command Button ва 6-то ListBox мегузорем. Хам тугмачахоро ва хам ListBox-хоро хамчун мачмуъ, ё худ массив месозем. Яъне хамаи тугмачахо номхои якхела дошта, танхо «индекс»-ашон фарк мекунад.
Ба хотир оред, ки массив чи буд. а(1), а(2), а(3), ……а(10)
Тарзи сохтани мачмуъ ин якхела кардани хосияти Name-и элемент буда, барнома танхо бо мурочиат ба хосияти index-и элемент ин ё он амалро ичро менамояд.
Масалан рохи осонтарини сохтани мачмуи элементи тугмачахо бо номи “cmd” чунин аст:
– 1-то элементи лозимиро аз ToolBox ба руи form гузошта хосияти Name-ашро “cmd” намудем.
– сипас онро фаъол карда нусхабардорй (copy) менамоем.
– Form-ро фаъол намуда бо пахши «вставить» нусхаи элементро мегузорем.
– барнома аз мо мепурсад: «You already have a control named ‘cmd’. Do you want to create a control array?»
– бо пахши тугмачаи ДА мачмуи элементхо сохта мешавад. Чун барои барномаи мо шашто CommandButton зарур аст бинобар ин бо такрор кардани пахши фармони «Вставить» шумораи тугмачахоро ба шашто мерасонем. Инак мачмуъ аз индекси (index) 0 то 5 тайёр шуд. Бо элементи ListBox низ чунин амалро ичро карда мачмуи listBox-хои аз 0 то 5 месозем.
Мачмуъ барои дар оянда кутохтар ва зудичро шудани коди барнома кумак мерасонад.
Акнун хосияти Caption-и CommandButton-хоро тагир дода, Душанбе, Сешанбе, Чоршанбе, Панчшанбе, Чумъа ва Шанбе мегузорем. Албатта бо назардошти он ки
cmd(0) – Душанбе
cmd(1) – Сешанбе
———–
———–
cmd(5) – Шанбе

Дар хосияти list-и ListBox-хо чадвали дарсро ворид менамоем. Ва низ бо назардошти онки дар
list-и Lst(0) – чадвали дарсхои рузи Душанбе
list-и Lst(1) – чадвали дарсхои рузи Сешанбе
list-и Lst(2) – чадвали дарсхои рузи Чоршанбе
………….
list-и Lst(5) – чадвали дарсхои рузи Шанбе
Сипас хосияти Visible-и хамаи Listbox-хоро, ки ду интихоб дорад (false ва true) False мегузорем.
Ва нихоят бо ду бор пахш кардан ба дилхох тугмачахои cmd чунин кодро сабт менамоем:

Private Sub Cmd_Click(Index As Integer)
x = Index
For i = 0 To 5
Lst(i).Visible = False ‘ хамаи listBox-хоро ноаён мегардонад
Next i
Lst(x).Visible = True ‘ аз руи индекси cmd-и пахшшуда, lst-и зарурй намоиш медихад.
End Sub

Инак, модели информатсионии «Чадвали дарсхо» тайёр шуд.

Метавон ин барномаро боз ташаккул дода, масалан имконияти ба чадвали дарсхо тагирот дароварданро низ илова намуд.
Ин моделро барои намуна да забони барномасозй сохта шуд. Онро инчунин метавон дар намуди сахифахои HTML, дар барномахои Office низ сохт.

Категория: VB.NET | Добавил: aplove
Просмотров: 565 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.