T A J P R O G Панҷшанбе, 27.06.2019, 13:38
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
VB6 [4]
VB.NET [27]

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 579

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Маълумот оиди забони барномасозии VBA
23.01.2014, 17:38

Маълумот оиди забони барномасозии VBA


VBA (Visual Basic for Application) – ин забони барномасозие мебошад, ки барои васеъ кардани имкониятҳои барномаҳои бастаҳои MS Office, Microsoft Project, Visio ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст. VBA ин лаҳҷаи VB(Visual Basic) буда имкониятҳои VB - ро тақвият бахшида барои барноманависӣ дар муҳити MS Office, Microsoft Project, Visio нигаронида шудааст. Яъне бо ёрии VBA мо метавонем кори ин барномаҳои зикршударо қисман автоматӣ кунонем. Бо истифода аз имкониятҳои VBA функсияҳои дилхоҳамонро дар MS Excel нависем. VBA якҷоя бо редактори Visual Basic кор мекунад. 
Пеш аз он ки мо бо редактори Visual Basic кор кунем онро бояд кушоем. Дар ҳамаи барномаҳои Office ин як тарзи кушоданро дорад: 
Оғози кор дар редактори Vsual Basic бо истифодаи забони барноманависии VBA:

 

  • Протсессори ҷадвалии MS Excel – ро ба кор дароред. (Пуск/Программы/ Ms Office/MS Excel);
  • Дар меню Сервис/Макрос/Редактор Visual Basic – ро интихоб мекунем;
  • Роҳи аз ҳама тезтар ин якҷоя пахш намудани тугмачаҳои <Alt>+<F11>;


Диққат! Редактори Visual Basic якҷоя бо барномае, ки онро хабар додааст (дар ин ҷо бо ёрии MS Excel мо редактори Visual Basic – ро хабар додем) кор мекунад. Барои гузаштан аз редактори Visual Basic ба MS Excel ва баракс якҷоя пахш намудани тугмачаҳои <Alt>+<Tab> истифода бурда мешаванд (дар редактори Visual Basic такрори якҷояпахшии 
<Alt>+<F11>). 
Дар ин ҷо 3 – қисми асосии редактори Visual Basic – ро шарҳ медиҳем:


1. Оинаи роҳбаладӣ Project Explorer (проект - лоиҳа). Одатан ҳангоми ба редактори Visual Basic ворид шудан оинаи Project Explorer кушодааст, агар ногаҳон Шумо онро сахт намоед се роҳи кушодани он мавҷуд аст. 

  • якҷояпахшии тугмачаҳои <Ctrl>+<R>;
  • пахш намудани тугмачаи Project Explorer дар лавҳаи афзолҳо;
  • Бо ёрии менюи View/ Project Explorer

Дар оинаи Project Explorer рўйхати қисмҳои забони барноманависии VBA оварда шудаанд. Модулҳо, Формаҳо ва ғайра.

2. Оинаи Модул1. Дар ин оина мо дилхоҳ протседура ва ё функсияҳоро менависем. Яъне ин майдонест барои навиштани коди барнома. 

3. Оинаи хосиятҳо. Хосияти объектҳои ҷорӣ дар ин оина нишон дода мешаванд. Дар ин ҷо оинаи Модул1 ҷориаст ва хосияти онро нишон дода истодааст, яъне дар ин ҳолат Модул1 фақат хосияти ном – ро дорад. Дар ин оина мо метавонем номи Модул1 – ро тағир диҳем. Одатан ҳангоми ворид шудан ба мўҳити VBA (редактори Visual Basic) оинаи Модул нест барои онро пайдо кардан ду роҳ мавҷуд аст. 

 

  • менюи Insert/Module
  • дар оинаи Project Explorer номи барномаамонро (дар ин ҷо Книга1) бо ёрии мушак интихоб карда тугмачаи рости мушакро пахш мекунем як менюи иловагӣ пайдо мешавад. Дар он меню Insert - > Modul – ро интихоб мекунем.
Категория: VB.NET | Добавил: aplove
Просмотров: 869 | Загрузок: 0 | Комментарии: 1 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.