T A J P R O G Панҷшанбе, 27.06.2019, 13:38
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
VB6 [4]
VB.NET [27]

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 579

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0


Яке аз роххои сохтани “сатри давон”(бегущая строка)
14.05.2014, 02:14

Яке аз роххои сохтани “сатри давон”(бегущая строка)

Ин навбат мехохам доир ба истифодабарии элементи Timer каме шуморо шинос намоям.

Ин элемент яке аз элементхои стандартии ToolBoх мебошад. Яке аз хусусиятхои фарккунандаи ин элемент дар он аст, ки дар вакти ичроиши барнома шакли зохирии у нонамоён аст.

Хосиятхои асосии Timer:

Name- Номи Timer, ки дар навишти код аз он истифода мешавад.

Enabled-фаъолнокии Timer, метавонад ё true бошад, ё false.

Interval- кимати ададии кадами Timer, бо зиёдшавй фосилаи кораш дароз ва бо камшавй кутох мешавад.

Акнун бехтараш барномаи «Сатри давон» (бегущая строка) пешкаш менамоям, ки метавонад намунаи бехтарини истифодаи Timer бошад.

Дар ин барнома чунин элементхо истифода шудаанд:

  1. Timer – 2 то.
  2. TextBox – 1 то.
  3. Label – 1 то.
  4. CommandButton – 1 то.

Ва ду хатчаи иловаги барои ороиш. Дар руи форма элементхоро чуноне дар акс мебинед, чойгир менамоем.

Вазифаи ин барнома чунон бошад, ки матни дар TextBox навишта пас аз пахши тугмача ба Label нусхабардорй шуда, ба самти рост давад. Пас аз расидан ба охири форма харакати матн бозистода, баръакс ба чап ояд. Ва хамин амал беинтихо ичро шавад.

Барои ин хосияти 

 

 

Interval-и  Timer-ро такрибан 80-90 мегузорем. Ин суръати харакати матнро мефахмонад. Хосияти AutoSize-и  Label-ро ки False  аст, True менамоем, то дарозии Label ба таври автоматй ба дарозии матн баробар шавад. Сипас аз руи хохиш Name-хои элементхоро ба худ фахмо кутох карда (навишти коди барнома осон мегардад) ба навиштани барнома огоз менамоем.

Хуллас коди барнома чунин шуд:

Private Sub CmdOk_Click()

LDav.Caption = “”

LDav.Caption = Text1.Text

End Sub

Private Sub Tm2_Timer()

LDav.Left = LDav.Left – 50

If LDav.Left < 1 Then

Tm2.Enabled = False

Tm1.Enabled = True

End If

End Sub

Private Sub Tm1_Timer()

LDav.Left = LDav.Left + 50

If LDav.Left > 4800 Then

Tm1.Enabled = False

Tm2.Enabled = True

End If

End Sub

Бокимонда худатон ба киматхои кодро бо тагир додан дарк намуда, ба 

«чаро»-хои худ посух ёбед. )))

Намуди зохирии барнома:

 
Категория: VB.NET | Добавил: aplove
Просмотров: 306 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Ном *:
Email:
Код *:
Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.