T A J P R O G Сешанбе, 18.06.2019, 16:01
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Категории раздела
Адабиёт [19]
Қонунҳои ҶТ [12]
Савтиёт [26]
Дини ислом [45]
Забони барномасозӣ [31]
Информатика [22]
Ҳуқуқ [36]
Таърих [29]
Биология [18]
Математика [16]
Барномаҳо [27]
Химия [88]
Физика [23]
Забони тоҷикӣ [17]
Зоология [9]
Хазинаи маърифат [9]
чахони пурасрор [5]
Иловаҳо [5]
Сиёсатшиносӣ [3]
Видеоурок VB.NET [1]
Видеоурок VB.NET

Наш опрос
Ба сомонаи мо баҳо диҳед!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 578

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 2
Меҳмон: 2
Истифодабаранда: 0

В категории материалов: 9
Показано материалов: 1-9

Сортировать по: Сана · Ном · Рейтингу · Эзоҳот · Гирифтанд · Дидан

Касе, ки барои муҳаббат ҳудуд мемонад, аслан маънои онро намефаҳмидааст.


Бузургии ҳар мадро метавон аз сояе, ки дар тӯли зиндагӣ дар баробари худ меафканад, андоза гирифт.


Одамҳо саъй мекунанд, ки вақтхушӣ кунанд, дар ҳоли ки ақт онҳоро мекушад.


Бештар барои кӯдаконамон алла мегӯем, то битавонем худ ба хоб равем.


Он, ки ба фикри фардо нест, ба ғами фардо гирифтор хоҳад шуд.


Касе, ки ба нафси худ ғалаба намекунад, ба хеҷ чиз ғолиб нахоҳад шуд.


Агар фикр мекунед, ки муваффақ мешавед ё шикаст мехӯред, дар ҳарду маврид ҳам фикри дуруст кардаед.


Вақте инсон оромиро дар худ наёбад, ҷустуҷӯи он дар ҷои дигар кори беҳуда аст.


Дунболи касе нагард, ки битвонӣ бе ӯ зиндагӣ кунӣ, дунболи касе бош, ки бо ӯ зиндаги тавонӣ кард.


То чизеро напазирем, наметавонем тағйираш бидиҳем.


Ҳимматбаланд дар печу хами зинлагӣ ҳеҷ гоҳ бо ноумедиву дорамондагӣ ру ба рӯ нахоҳад шуд.


Хашм бо девонагӣ оғоз мешавад ва бо пушаймонӣ поён мепазирад.

Хазинаи маърифат | Диданд: 395 | Ба худ гирифтанд: 0 | Илова намуд: aplove | Сана: 03.07.2015 | Эзоҳот (0)

Агар ба касе иҷозат додӣ,ки дар ҳузурат сухан бигӯяд, бар ӯ дуруштӣ макун ва бигзор то сухнашро то ба поён бирасонад.

********

Агар фикр мекунӣ, ки мувафақ мешавӣ ва ё шикаст мехӯрӣ дар ҳар ду сурат дуруст фикр кардаӣ.

********

Аз андешаҳо ва орзуҳои дигарон барои мувафақияти худ кӯмак бигиред.

 

Хазинаи маърифат | Диданд: 290 | Ба худ гирифтанд: 0 | Илова намуд: aplove | Сана: 16.06.2015 | Эзоҳот (0)

Хазинаи маърифат | Диданд: 289 | Ба худ гирифтанд: 99 | Илова намуд: aplove | Сана: 24.04.2014 | Эзоҳот (0)

Хазинаи маърифат | Диданд: 353 | Ба худ гирифтанд: 103 | Илова намуд: aplove | Сана: 24.04.2014 | Эзоҳот (0)

Хазинаи маърифат | Диданд: 218 | Ба худ гирифтанд: 75 | Илова намуд: aplove | Сана: 24.04.2014 | Эзоҳот (0)

Хазинаи маърифат | Диданд: 266 | Ба худ гирифтанд: 68 | Илова намуд: aplove | Сана: 24.04.2014 | Эзоҳот (0)

Чаҳор чиз обурӯйро мерезонад: дурӯғ, бешармӣ, пурсидан бе зарурат (гадоӣ) ва гуноҳи бисёр.

Китобҳо меҳмонони хубрӯйи лол мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ аз касе озурда намегарданд…, аммо онҳо ором ва ҳамсуҳбатони нотакроранд.

Омӯзгорӣ ишқ аст. Чунин ҷойгоҳе ҳаргиз ба дасти ғайр мабод.

Дар талаби илм то ба гўшаҳои олам низ роҳ рав.

Мероси гарон пурарзиштар аз ростӣ ва дурустӣ нест.

Ба аъмоле, ки пас аз маргат бароят фоида мерасонад, бикўш.

Андешаҳо ба сўйи умед мечарханд.

Умри ҷавонатро ғанимат дон, чун медонӣ ҷовидон нестӣ.

Пайваста дар кори хайр бикўш ва гунаҳи дўсти худ дидӣ, бипўш.

Аз нодон бипарҳез, зеро дар рўзи сахтӣ бароят зиён хоҳад овард.

Бузургонро қадр кун, аз онҳо боло магузар, ту худ андеша кун ва аз онҳо баҳра бубар.

Касе, ки хирад надорад ҳамвора аз кардаҳои худ пушаймон ва дар ранҷ аст.

Ин ки ташна бимирам беҳтар аз он аст, ки ваъдаамро хилоф кунам.

Тафовути инсонҳо дар доштан ва надоштани истеъдодҳо нест, балки дар чигунагии истифода аз он аст.

Қурбоқа, ки ба арши тилоӣ гузошта шавад боз ба ҳамон қулмоқ мепарад.

Одатҳои писандида зеварҳои тоза ва нав ҳастанд, ки куҳна намешаванд, фикр ойнаи пок ва соф аст.

Сахтиҳои бузург ба одамӣ нерўи дучандон мебахшад.

Дониш арзиши онро дорад, ки ранҷҳо бикашӣ.

Он қадар ташвиқ кунед, ки ташвиқ нашудан танбеҳ бошад.

Ҳеҷ чизе хубтар аз забон нест агар хуб шавад ва ҳеҷ чизе бадтар аз он нест агар бад шавад.

Худованд барои мо ду гуш ва як забон офаридааст, то шуниданамон бештар аз гуфтанамон бошад.

Мардумро дар ғайб ҳамон гӯй, ки дар пеши рӯй тавони гуфт.

Агар ҳама метавонистанд аз истеъдодҳои худ дуруст баҳра бигиранд, дунё ҳамон биҳишти мавъуд мешуд, ки ҳама мехоҳанд.

Аз иштибоҳоти худ шарманда нашавед ва онро ҷурм надонед.

Шикаст беш аз мувафақият омӯзанда аст, касе, ки ҳеҷгоҳ иштибоҳ намекунад ҳаргиз ба ҷое намерасад.

Хазинаи маърифат | Диданд: 305 | Ба худ гирифтанд: 0 | Илова намуд: aplove | Сана: 23.04.2014 | Эзоҳот (0)

Аз фаромуш шудани матолиби хондашуда наҳаросед!!!

Мусаллам аст, ки мо тамоми калимоту ҷумлаҳои китобро ба хотир намесупорем ва шояд фаромўш карда бошем, ки фалон китобе, ки ду сол пеш хонда будем, дар чӣ мавриде баҳс мекард, вале ин ба он маънӣ нест, ки он мутолиаҳо бесамар будааст. Оре, агар ба шакли сатҳӣ ва зоҳирӣ китобро хонда бошем, мутмаинан зуд онро фаромўш мекунем, вале мутолиа боис шудааст, ки иттифоқоте дар зеҳни мо биафтад ва муҳим ҳамин иттифоқ аст, на ҷумлаҳову достонҳое, ки мехонему фаромуш месозем. Самараи ин таъсироту иттифоқот худро дар қудрати таҷзия ва таҳлили зеҳнии инсон нишон медиҳад. Самараи мутолиа васеътар шудани фазои зеҳнӣ ва амиқтар шудани табақаҳову зинаҳои фикрӣ ва ошноӣ бо дигаргункуниҳои гуногун дар таҳлили падидаҳост. Шояд калимоту ҷумлаҳоеро, ки хондаем фаромуш кунем вале асаре, ки он калимаҳо бар зеҳни мо гузоштаанд аз байн намеравад.

Шоиста аст, ки касе мутолиа мекунад ба диққат дар мавриди он чӣ ки мехонад, бияндешад. Нависандае мегўяд: «хондан бидуни фикр кардан,бадтар аз нахондан аст».

Хазинаи маърифат | Диданд: 200 | Ба худ гирифтанд: 0 | Илова намуд: aplove | Сана: 21.04.2014 | Эзоҳот (0)

ХАЗИНАИ МАЪРИФАТ

  • Ба лой, ки санг партофти, ба руят лой пош мехурад.

  • Шахсе, ки бадиро намедонад, дар капкони он меафтад.

  • Шахсе, ки хаё дорад, бади намекунад.
  •  Рохи аз хама бадихо дур истодан, забонро нигохдоштан аст.
  • Саросемаги дар хама кор бадаст, ба чузъ бадиро дафъ кардан.
  • Сарчашмаи бисёри бадихо мухаббати мол аст.
  • Аз бади дури чустан, аз неки кардан боло аст............
Хазинаи маърифат | Диданд: 597 | Ба худ гирифтанд: 0 | Илова намуд: aplove | Сана: 21.04.2014 | Эзоҳот (0)


Реклама

Поиск

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.