T A J P R O G Шанбе, 20.07.2019, 00:22
Приветствую Вас Гость | RSS
Меню сайта

Наш опрос
Аз кадом фанн маълумотнома лозим аст!
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 2299

Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0

 

ИЛМИ ХИМИЯ


Илми химия ба қатори илмҳои табиатшиносӣ таалуқ дорад. Он муҳити атрофии моро якҷоя бо тамоми боигариҳояш ва гуногунии ҳодисаҳои дар он ба амал оянда меомӯзад.

Табиат бе мо ва новобаста аз шуури мо вуҷуд дорад. Олам олами материалӣ аст. Ҳамаи он чизе, ки вуҷуд дорад ин материя мебошад. Материя ҳамеша дар ҳаракат аст. Шаклҳои ҳаракати материя хеле гуногун мебошад. Гарм ва хунук шудан, нурфишонии рушноӣ, ҷараёни электрӣ, табаддулоти химиявӣ, раванди фаъолияти ҳаётӣ – ҳамаи ионҳо шаклҳои гуногуни ҳаракати материя мебошанд. Шаклҳои ҳаракати материя бо ҳамдигар табдил меёбанд. Масалан, ҳаракати механикӣ ба гармӣ, гармӣ ба ҳаракати химиявӣ ва ғайра табдил ёфта метавонад.

Ҳангоми ҳамаи ин табадуллотҳо як қонуни асосӣ – қонуни абадӣ будани материя ва ҳаракат риоя карда мешавад. Шаклҳои алоҳидаи ҳаракати материяро илмҳои гуногун – физика химия, биология ва илмҳои дигар меомӯзад. Бинобар ин, илми химия бо илмҳои техникӣ ва табиатшиносӣ алоқаманд аст.

Ҳар як навъи материя, ки хосияти физикавӣ зоҳир мекунад дар химия модда номида мешавад. Масалан: оҳан, оҳак, сулфур, оксиген ва ғайра. Ҳар як модда хосияти муайян дорад.

Масалан: сулфур моддаи кристаллии мӯрт, ранги зарди паст дорад, зичиаш 2,07 г/см3, ҳарорати гудозишаш 112,80С мебошад.

Моддаҳо қариб, ки ҳар рӯз ба табадуллот дучор мешаванд.

Масалан: ҷисми пӯлодин дар ҳавои нам занг мезанад, ҳезум дар печҳо сӯхта каме хокистар боқӣ мегузорад, баргҳо аз дарахт рехта оҳиста оҳиста мепӯсанд.

Ҳангоми занг задании пӯлод, сӯзиши ҳезум, пӯсидани баргҳо моддаҳои нав ҳосил мешаванд. Дар натиҷаи ин ҳодисањо таркиби моддаҳо таъғир меёбад.

Чунин ҳодисаҳо, яъне ҳодисаҳое, ки дар натиҷаи онҳо таркиби моддаҳо таъғир меёбад ҳодисаҳои химиявӣ номида мешаванд.

Ҳодисаҳои химиявиро илми химия меомӯзад.

Пас илми химия - ин илмест, ки моддаҳо, таркиб, сохт ва табадуллоти онҳо, вобастагии хосияти моддаҳо аз таркиб ва сохти онҳо, инчунин шароит ва роҳҳои табаддулоти моддаҳоро меомӯзад.

Вазифаи муҳимтарини илми химия ҳосил кардани моддаҳо ва материалҳои дорои хосиятҳои муайян мебошанд.

Илми химия дар хоҷагии халқ роли хеле муҳим мебозад. Дар айни замон ягон соҳаеро, ки дар он илми химия истифода нашавад, тасавву кардан мумкин нест.

Табиат ба мо ҳеҷ гоҳ моддаҳои тозаеро, ки дар ягон соҳа бевосита истифода бурдан мумкин бошад, намедиҳад. Он ба мо танҳо ашёи хом – чӯб, маъдан, нефт ва ғайра медиҳад. Ин маҳсулотро бо роҳи химиявӣ кор карда мо моддаҳои гуногуне, ки барои хоҷагии халқ зарур аст, ҳосил мекунем ва сипас аз ин моддаҳо маснуоти саноатӣ, олоти рӯзгор, аз ҷумла пору, металл, рангубор, дору, собун, сода ва ғайра тайёр мекунем.

 

Барои коркарди химиявии ашёи хоми табиӣ қонунҳои асосии табдил додани моддаҳоро донистан лозим аст. Ин қонунҳоро илми химия меомўзад.

Реклама

Поиск

Календарь
«  Июл 2019  »
ДСЧПҶШЯ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

Архив записей

Друзья сайта

Copyright © Умаров Алибек 2019,. Все права защищены.